БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолият неъмати бебаҳо ва пурарзиши миллат

ТЕМУРМАЛИК. Дар маҳаллаи №8-и  ҷамоати шаҳраки Совети ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо сокинони маҳал оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал   баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Маҳмадсаид Раҷабзода  ва дигар шахсони даъватӣ иштирок дошта, дар бораи  самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаббусҳои созандаву ояндадори  Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сазовор ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ   андешаронӣ намуданд.

Баъдан  бо дастгирии сокинон  дар маҳаллаи номбурда ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, бо пешниҳоди раиси Кумитаи иҷроияи  ЊХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабов Маҳмадсаид сокини маҳалла, узви фаъоли ҲХДТ Саидов Саидмузаффар  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg