БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вохӯрии судманд бо раисони ташкилотҳои ибтидоӣ

ЛЕВАКАНТ.  Вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Саидҷаъфар Ватанзода бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти Ваҳдат оид ба баргузории вохӯриву чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои нимсолаи якуми соли 2019 баргузор гардид.

Зимнан Саидҷаъфар Ватанзода  ҷамъомадагонро бо Соли  нави мелодӣ шодбош гуфта, атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  баргузории  вохӯриву чорабиниҳо дар сатҳи баланди  фарҳангиву сиёсӣ бо таъмини васеъи омма,  иртиботи мардум бо  ҲХДТ,  қабули аъзо ва сафи ҳизб аз ҳисоби шахсони соҳибмаърифату обрӯманд,  амалигардонии  ҳадафҳои барномавии ҲХДТ,  баррасии  нуктаҳои  асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, моҳияти  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!»  сухан карда,  ҳамагонро барои  расидан ба қадри  фазоим сулҳу суботи кишвар, хизматҳои беназири Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумуи  Ватан раҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg