БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Баргузории корҳои ободонӣ ба хотири сарсабзиву шукуфоии Ватан

КУШОНИЁН. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори ноҳияи Кушониён зери шиори “Созандагӣ ва бунёдкорӣ” бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ корҳои созандагиву ободонӣ баргузор шуда истодааст.

Ташаббуси ватандӯстонаи ҳизбиёнро ҳамагон бо хушнудӣ пазируфта, дар шанбегии навбатӣ фаъолона иштирок намуданд.

Иштирокдорони корҳои ободониву бунёдкорӣ дарахтону ниҳолҳои гуногуни ороишиву сояафкан ва гулҳои мавсимиро дар назди идораву ташкилоту муассисаҳои худ шинонида, бехи ниҳолҳоро нарм намуданд ва ҷӯйборҳои обгузарро аз партовҳо тоза карданд.

Ин ташаббус дар тамоми кӯчаю хиёбонҳо ва дар ҳар хонадон идома дошта, корҳои созандагиву ободонӣ рӯз то рӯз вусъати тоза гирифта истодааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg