БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ баҳри эҳёи анъанаҳои неки ниёгон

ҚУБОДИЁН. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал дар кӯчаи Қизил-Тоҷикистони ҷамоати шаҳраки Қубодиёни ноҳияи Қубодиён тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо мақсади эҳёи  ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар  вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Ваҳобиддин Абдуллоев  дар бораи  аз  ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ  дар кишвар соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  эълон  гардид,  андешаронӣ карда,  ҳамагонро ба корҳои созандагиву ободонӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, омӯзонидани  касбу ҳунарҳои мардумӣ ба ҷавонону наврасон раҳнамоӣ намуд.

Дар қисмати фарҳангии вохӯрӣнамоиши ҳунарҳои мардумӣ,  аз қабили сӯзанидӯзӣ, қолинбофиву намадбофӣ, намоиши дӯхти либосҳои занона бо тарҳи замонави бо нигоҳ доштани нақшу нигорҳои ниёгон, қуроқдӯзӣ, кӯрпачаву кӯрпадӯзӣ намоиш дода шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg