БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Муқовимат бо коррупсия вазифаи аҳли ҷомеа аст

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бақои давлат» бо иштироки корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ҳакимова Волида вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан Ҳакимова Волида дар назди ҳамагон оид ба муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия бо роҳи ташаккули мафкураи зиддикорупсионӣ дар онҳо ҳарф зада, ёдовар шуд, ки коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Гузашта аз ин, коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон мусоидат  карда,  ба пояи ахлоқ зарба мезанад.

Аз ин рӯ, аз ҳар яки шумо даъват ба амал меоварам, ки ҳангоми ба ҳолати коррупсионӣ дучор шудан ба Агентии мубориза бо коррупсия муроҷиат кунед ва саҳми худро дар пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия гузоред. Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст, ки он ба пешрафти иқтисодиёт халал расонида, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мерасонад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg