БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанг баёнгари таърихи гузаштаву муосир аст

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар маҳаллаи  ба номи Одина Қосимови ҷамоати шаҳраки Обикиик бо сокинон  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти  робита бо маҳал намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Зимнан масъулин иштирокдоронро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику шодбош гуфта, дар бораи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба кор даромадани агрегати  Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ карданд.

Дар қисмати фарҳангии вохӯрӣ  сокинони ҳунармандбо даст удили пок, бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватан ҳунарҳои хешро ба маърази дид гузоштанд, ки аз ин намоишгоҳ масъулин дидан карда, ба ҳунару  маҳорати волои онҳо баҳои баланд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg