БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таъсиси ташкилотҳои ибтидоии нав дар маҳал

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқотҳо  дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар ҷамоати шаҳраки Совети ноҳия вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо сокинон маҳал баргузор гардид.

Дар рафти  суҳбат  раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Раҷабзода Маҳмадсаид атрофи  самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,   оид ба Барнома ва  Оинномаи ҲХДТ ва таъсиси ташкилотҳои нави ибтидоӣ дар маҳалҳо андешаронӣ намуд.

Баъдан  дар маҳаллаи номбурда бо дастгирии сокинон ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, бо пешниҳоди раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабов Маҳмадсаид сокини маҳалла Ќурбонов Анушервон  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg