БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дастгирии ниёзмандон вазифаи имониву виҷдонии ҳар яки мост!

БОХТАР. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ кардан ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа, ятимону бепарасторон  ва  маъюбону камбизоатонро яке аз самтҳои афзалиятноки  сиёсати  иҷтимоии давлат  қарор додаанд ва ягон  лаҳза намегузоранд, ки ниёзмандону бепарасторон бо мушкилоти  зиндагӣ дар танҳоӣ монанд.

Бо ин мақсад дар ташкилоти ибтидоии ҳизби «Шифо» Беморхонаи вилоятӣ клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидов бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидои ҳизбӣ  Нурализода Алихон бахшида ба Соли нави мелодӣ ба 35 нафар  кӯдакон аз оилаҳои камбизоат туҳфаҳои соли навӣ тақдим карда шуд.

Дар ин чорабинии хотирмони идона  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Раҷабализода Парвиз ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб  Ализода Одил иштирок намуданд.  Сипас, раиси ташкилоти ибтидои ҳизбӣ  Нурализода Алихон иштирокдоронро барои иштирок дар ин чорабини минадорӣ баён карда,  дар корҳои  минбаъдаашон  комёбиҳо орзу намуд.

Чорабинии идона бо барномаи рангини дӯстрӯякон ба анҷом расид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg