БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешвои миллат халқро ба созандагӣ сафарбар намуд

АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ ДАР САМТИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ҲХДТ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара дар асоси талаботҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оиди омӯзиши Паём нақша – чорабиниҳо тасдиқ карда, маҷлисҳо гузаронида шуд.

Аз 3 то 20 январи соли 2018 дар ноҳия зиёда аз 63 вохурию суҳбатҳо гузаронида шуд, ки дар он 11093 нафар шаҳрвандон иштирок намуданд.

Инчунин 13 вохури бо иштироки 5315 нафар интихобкунандагон бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии № 36 Қурбонзода Ҳилолби Ҷумъахон оиди Паёми навбатӣ шуда гузашт.

Чунин вохӯриҳо бо иштироки вакилони Маҷлиси халқи вилояти Хатлон ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Данғара ва намояндагони Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара баргузор гардид.

Дар омузиши Паёми навбатӣ гуруҳҳои таблиғотӣ, аъзоёни ситодҳои доимоамалкунандаи таблиғотии ҳизбӣ, ҷамъиятии таблиғотии “Фарҳанги сиёсӣ” ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва гурӯҳҳои мобилӣ ҷалб карда шуд.

Дар асоси вазифаҳои дар Паём буда мувофиқи талаботи Самтҳои афзалиятноки ҲХДТ ҷадвали баргузории вохурию мулоқотҳо дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳо тартиб дода шуд.

Дар нимсолаи аввали соли 2018 дар деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти Пушинг, Корез, Сангтуда, Лоҳур, Себистон, Оқсу, ба номи Исмат Шарифов, Лолазор ва ҷамоати шаҳрак вохурию мулоқотҳо гузаронида ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таъсис карда шуд, ки миқдори онҳо аз 64 адад ба 167 адад расид.

Дар нимсолаи дуюм дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вохӯрию мулоқотҳо гузаронида бо мардум атрофи самтҳои афзалиятноки ҲХДТ хонишҳои сиёсӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд. Чи хеле, ки дар Паём “Соли 2018 – соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ нақша чорабинии махсус тартиб дода аз рӯи он амал кард.

Дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот ва шаҳрак дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроия “Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ” ташкил карда шуд, ки аз онҳо ҷамоатҳои беҳтарин қадрдонӣ карда шуд.

Дар чорабиниҳои мазкур ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чодардузӣ, қуроқдузӣ, гулдузӣ, чакандузӣ, адрасбофӣ, оҳангарӣ, сабадбофӣ, рассомӣ, дуғкашӣ, ресандагӣ, шерозбофӣ, тоқидузӣ, пухтупази хурокҳои миллӣ, дар намоиш пешкаш гардид.

Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи тарғиботии “Якҷоя ҳал мекунем ” эълон карда шуд. Зимни иҷроиши ин аксияи тарғиботӣ дар деҳаи Нурофари ҷамоати деҳоти Сангтуда гузаргоҳи роҳи нақлиётиро аз болои роҳи оҳани деҳаи мазкур, ки тули 11 сол инҷониб аз набудани роҳи нақлиёти сокинонаш азият мекашиданд баъди муроҷиат намудани аҳолии деҳа мушкилоти чандинсолаи онҳо бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ҳалли худро ёфта, роҳи 2 км сангфарш карда шуд.

Сохтмони биноҳои мактабҳои нав дар деҳаи Олучадара ва Гулизиндон, инчунин бунгоҳҳои тиббӣ дар ин деҳаҳои дурдасттарини ноҳия ва сохтмони роҳҳои нав ва сангфарш кардани онҳо дар масофаи 12 км  гувоҳи иҷроиши он аст.

Сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Гулафшони Поёни ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара бо сарпарастии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем” идома дорад.

Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ озмунҳои “Беҳтарин муаррифкунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ”, “Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ ” , “Армуғони Хатлонӣ”, “Тарроҳи Хатлон”, “Беҳтарин доиркунандаи чорабиниҳии маҳал” ҷамъбаст карда шуд.

Дар рӯзи табибон 18 август ва рӯзи якшанбеи аввали моҳи октябр ба табибон ва омӯзгорони беҳтарин аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо туҳфаҳо ва ифтихорномаҳо сарфароз гардониданд.

Бо ҷалби соҳибкорону эҳсонкорон ва фаъолони ҳизб аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Мактаб даргоҳи маърифат” гузаронида шуд.

Кумитаи иҷроияи ноҳия ба 10 – нафар ятимони кулл ба маблағи 500 сомони ёрии молиявӣ расонид.

Соҳибкор Файзуллоев Нусратулло ба хонандагони МТМУ №3 ба андозаи 70 ҳазор сомони ва аъзои фаъоли ҲХДТ эҳсонкор Асадуллои Раҳмон ба толибилмони МТМУ  №5, 39, 63, 45, 43 ба маблағи 345 ҳазор сомонӣ сару либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тӯҳфа карданд.

Дар давоми соли 2018 784 – нафар ба аъзогии ҲХДТ қабул карда шуд ва аъзоёни он ба 7650 – нафар расидааст.

Ҳизбиёни ноҳияи Данғара аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд то камбудиҳои ҷой доштаро бартараф карда, соли навро бо меҳнати софдилона ва ғайрату матонати калон пешвоз мегиранд.

П. Каримов – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg