БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём-ҳидоятномаи саодати миллат

АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ ДАР САМТИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ҲХДТ. Тоҷикистон боз як соли бобарорро пушти сар мекунад. Ҳамасола ироаи Паёми сарвари давлат аз устуворона рушд кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Сол ба сол туризм ба яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар табдил ёфта истодааст ва то имрӯз мамлакат дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Бо ин мақсад дар паёмашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми эълон карда шавад. Инчунин дар сохтори худ маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис дода, мониторинги доимии пиряхҳо ва дигар сарчашмаҳои обии кишварро ҷидди ба роҳ монданд. Ҳамзамон  муассисаҳои илмии академияҳо таҳқиқотро доир ба гуногунии биологи, сарватҳои  табииву зеризамини, ҷустуҷӯи геологӣ, корҳои бостоншиноси ва омӯзиши таъриху фарҳанги миллати тоҷик идома дорад.    

Рӯйдоди дигари  фараҳбахш ин ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид намудани чакан аст. Дар ин бора қарори иҷлосияи солонаи ЮНЕСКО ҳунари гулдузии тоҷикиро чунин муарифи намуданд: «Чакан як навъи гулдузии миллӣ дар матоъҳои пахтагин ва абрешими аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст». Дар вилояти Хатлон чакан як ҷузъи муҳими либоси арусу домод ба шумор меравад. Санъати чакан аз насл ба насл бо шеваи устод–шогирд ба мерос мондааст.  Дар Паём муҳим зикр гардид, ки «Мо вазифадорем, ки боз ҳам бештар заҳмат кашида, ба иҷрои ҳадафҳои стратегии миллиамон–таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсиони баровардан ва ба кишвари транзити табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқавори ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ноил гардем, диёрамонро то гушаҳои дурдастарини он боз ҳам ободу зебо гардонем. Корхонаву коргоҳҳои нав бунёд кунем. Барои сокинон ҷойҳои кори муҳайё намоем ва сатҳу сифати зиндагии халқамонро аз имрӯза дида, баланд бардорем.

Мутмаинем, ки соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми бо андешидани тадбирҳои судманд мавқеи Тоҷикистонро миёни мамлакатҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешқадам хеле боло бурд ва минбаъд низ нуфузу эътибори он рӯз ба рӯз меафзояд.

Р. Саидзода – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg