БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешвои миллат ҷомеаро ба сӯи созандагӣ раҳнамоӣ мекунад

АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ ДАР САМТИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ҲХДТ. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба озодӣ ва истиқлолият бори дигар арҷ гузошта, падидаҳои мазкурро дастоварди бузургтарин  ва мояи муқаддаси миллӣ номиданд. Чунин арҷгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба падидаҳои зикргардида бесабаб нест, зеро ҷомеаи Тоҷикистон маҳз тавассути онҳо ба марҳилаи нави рушд ворид гардид.

Ҳар як Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти воқеияти замон ироа гардида дар он ҳама самтҳои ҳаёти ҷомеа ба таври васеъ мавриди баррасиву таҳлил қарор мегирад. Аз ин лиҳоз дар ҳар як баромаду суханрониашон Пешвои миллат ба ҷавонон муроҷиат намуда таъкид менамоянд, ки “Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлат ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намоянд”.

Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузории мамлакат ва мардуми Тоҷикистон дар шароити мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти хатарноки аср – терроризм ва экстримизм ва инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам ироа гардид. Чуноне, ки дар Паёми имсола дарҷ гардид: “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”. Ба хотири пешгирӣ намудан аз ин зуҳуротҳои номатлуб ва шомил гаштани ҷавонони тоҷик ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, КИ ҲХДТ дар ноҳия дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вохуриҳо доир намуда моҳияти терроризму экстремизм ва инчунин пешгирии  гаравиши  ҷавонон  ба  гурӯҳҳои  тундравро ба мардум расониданд.

Дар Пёми имсолаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ намуда зикр намуданд, ки «Сайёҳӣ яке аз самтҳои муҳимми ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муарификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои нек ба ҳисоб меравад». Ҳамин тавр дар заминаи таҳлили имкониятҳои мавҷуда ва баёни таклифҳо иброз доштанд, ки: «Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар   Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад».

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар партави Паёми навбатии Пешвои миллат як қатор чорабиниҳоро роҳандозӣ намудааст. Дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаву маҳаллалҳои ҳудуди ноҳия бо ҷалби ҳунармандон ва занону бонувон намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардонид, ки занону бонувони ҳунарманду чирадасти деҳаву маҳаллаҳои  мазкур аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълони “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз нав эҳё намудани ҳунарҳои қадима хушнуду сарфароз буда, бо як ҳавасмандӣ ҳунарҳои хешро тақвият медоданд.

Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи “иқтисодиёти сабз” маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98 фоизи барқ тавассути нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Рӯзи 16 ноябри соли 2018 чун санаи тақдирсози миллат бо истифода супоридани агригати якуми НБО “Роғун” дар саҳфаи  китоби таърихи Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт гардид. Албатта баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азиз ва интихоби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои асосӣ ва тақдирсози миллат ин таъмини Истиқлолияти энергетикӣ буд, ки зина ба зина давоми бисту ҳафт соли соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз амалӣ гардид ва имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки Тоҷикистони азиз таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари нуру зиё ва равшанибахшандаи дилҳо табдил ёфтааст. Маҳз Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки Тоҷикистони торику зулмотро аз вартаи торики наҷот дода, як Тоҷикистони воқеан  нурбахш барои ин миллати хушбахт бунёд намуд.

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон тамоми он дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтавои Паёми навбатиро дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаву муассисаҳо ва маҳаллаву деҳаҳои ноҳия муҳокима намуда қайд намуданд, ки дастуру супоришҳое, ки аз Паём бармеояд сармашқи кори худ намоянд.

М. Раҳматуллоев – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон                           

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg