Ш.ШОҲИН. Баъд аз омузиши даҳрӯзаи аризаи пешниҳоднамудаи шаҳрвандон Бахтовари Мирзомад ва Амрохони Бозоралӣ дар утоқи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбиро ба онҳо супориданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Шамсиддини Шоҳин Назарзода Толибҷон аъзои навро барои ба сафи ҲХДТ пайвастанашон табрик намуда, аз онҳо масъулиятнокӣ ва бо сари баланд иҷро намудани уҳдадориҳои ҳизбиро таъкид сохта, афзуд, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синаш ба 18-солагӣ расидааст, Барнома ва Оинномаи ҳизбро эътироф менамояд, узви ҳизб шуда метавонад.
Узви ҳизб наметавонад дар як вақт узви ҳизбҳои дигар бошад.
Шахсе, ки ба ҳизб дохил шудааст, бо роҳи супоридани ҳаққи аъзогӣ ва дигар шаклҳое, ки қонун иҷозат додааст, ба ҳизб ёрии молиявӣ мерасонад.
Узви ҳизб дар ташкилоти ибтидоӣ, ҷои кор ё макони истиқомат ба қайди ҳизбӣ гирифта мешавад.
Ҳизб барои иттиҳоди нерӯҳои солими ҷомеа бо мақсади зина ба зина баланд бардоштани некӯаҳволии халқ, рушди иқтисод дар замини пешрафтаи шаклҳои гуногуни моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсис ёфта, баҳри дар амал татбиқ сохтани ин ҳадафҳо кӯшиш менамояд.