БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳифзи анъанаҳои мардумӣ аз ҳадафҳои муҳими ҲХДТ мебошад

ҶАЙҲУН. Бо мақсади иҷрои нақша - чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи «Корвонгузар»-и ҷамоати деҳоти «Ваҳдати миллӣ чорабинии таблиғотии ҳизбӣ ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъбасти Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки мутахассиси шӯъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳамадҷон доир гардид.

Дар чорабинии мазкур маҳсулотҳои кишоварзии сокинони деҳа ба намоиш гузошта шуда буд, ки сифату таъми онҳо касро дар ҳайрат мегозошт.

Дар рафти чорабинӣ мутахассиси шӯъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳамадҷон вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, моҳияту таърихи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ муфассал суханронӣ намуда, ба дили бошандагон маъво андохтанд.

Ҳамин буд, ки занони ҳунарманди маҳалла, ки ба дӯхтану бофтани матоъҳои миллии хоси мардуми тоҷик машғул буданд ваъда доданд, ки соли 2018 - Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумиро самаранок истифода бурда, дар ин сол кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки маҳсулотҳои дастранҷи истеҳсолии худро нисбат ба солҳои қаблӣ бештар истеҳсол намуда дар рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳм мегузорад. Ҳамчунин занони ҳунарманди маҳалла дар назди худ мақсад гузоштаанд, ки ҳунарҳои андухтаи худро ба ҷавондухтарон омӯзонанд ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg