БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешвои миллат нақшаи амалисози мақсаду мароми халқ аст

Н.ХУСРАВ. Тибқи ҷадвали  тасдиқгардидаи Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав   вобаста  ба  амалӣ намудани самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҲХДТ, ҷиҳати  боз  ҳам    густариш  додани  иртибот  бо  мардум  ва  ҷалби   васеъи онҳо   ба  татбиқи   ҳадаф ва  мақсадҳои  созандаи ҲХДТ,  амалӣ намудани нуктаҳои асосии Паёми имсолаи  Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  ташкилоти  ибтидоии ҳизбии  “Агенти  шуғли  аҳолӣ  ва  меҳнат”-и  ноҳия хониши  сиёсӣ   баргузор  гардид.

Хониши сиёсиро  мудири  шуъбаи таблиғот,  иттилоот  ва  матбуоти  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  Муродов  Раҳмон ифтитоҳ  намуда,   қайд  кард, ки  имрӯз  бо  як масъулияти  баланд  ва ифтихори  ватандорӣ вазифаи  ҳар  як аъзои  ҳизб  ба мардум  фаҳмонидани  моҳияти  самаранок  ва   сариштакорона  истифода бурдани  обу  замин, қувваи  барқ, ташкили  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  ва  ҷалби  онҳо  ба корҳои  хонагӣ  мебошад.  Ин  пеш  аз  ҳама  барои  бо  ҷои  корӣ ва  ба шуғл  фаро  гирифтани  шаҳрвандони  бекор  ба  роҳ  монда  мешавад

Аз  фаъолияти  дурусту  босамари  ташкилоти  ибтидоӣ,  кормандони Агенти  шуғли  аҳолӣ  ва  меҳнати ноҳия  бо  ҷои  корӣ  доимӣ  ва  ба  шуғл фаро  гирифтани  сокинони  бекор  вобастагии  калон  дорад. Кормандони  шуғли  аҳолиро  зарур  аст, ки  татбиқи   Соли  рушди  сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои  мардумиро  бо  рушди  соҳибкорӣ  ва  корҳои  хонагӣ  ривоҷ дода, барои  бо  ҷойи кор  фаро гирифтани  сокинон  корҳои  фаҳмондадиҳиро  ба  роҳ  монанд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg