БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роҳандозии корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба хотири рушду номуи Ватан

ТЕМУРМАЛИК. Ба муносибати истиқболи арзандаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ амалҳои созандаги дар ноҳияи Темурмалик муташаккилона  идома дорад.

Хусусан ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар деҳаи Танобчии ҷамоати деҳоти Танобчӣ бо дастгирии молиявии шахсони саховатманду соҳибкор ва ҳашарҳои дастаҷамъонаи сокинони деҳот корҳои ободонӣ авҷ дорад. Аз ҷумла дар деҳаҳои ҷамоат бо мақсади пешгирӣ намудани офатҳои табиӣ ва зебою хуррамгардонии гирду атроф корҳои зиёд ба анҷом расонда шудаанд. Дар арафаи ҷамъбасти соли 2018 дар масофаи зиёда аз 2 км қад-қади роҳҳо ҷӯйҳои обгузари кушоду васеъ бунёд карда шуда, дар гузаргоҳҳои онҳо тариқи ҳашарҳои дастаҷамъона купрӯкҳо сохта шуданд. Инчунин, дар паҳлуҳои ҷӯйҳои обгузар бо мақсади кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ зиёда аз 500 чуқуриҳо канда, дар онҳо дарахтони ҳамешасабзи арча шинонида мешавад.

Дар ин кори хайр сокинони ҳамаи деҳаҳои ҷамоат, аъзо ваҷонибдорони ҲХДТ, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва дигар шахсони ватандӯст саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

 

             

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg