БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Оилаҳои ниёзманд зери таваҷҷуҳ ва ғамхории ҲХДТ қарор доранд!

ДӮСТӢ. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Ҷалолов Абубакр дар якҷоягӣ бо муовини раиси ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл Бобоқулова Меҳрӣ аз вазъи оилаҳои ниёзманди  кӯчаҳои ба номи А.Каримов ва А.Рудакӣ аз наздик дидан намуда, аз  ҳолати зисту рӯзгор, вазъи иҷтимоию иқтисодии сокинон шиносоӣ пайддо карданд.

Қайд кардан бамаврид аст,  ки ҳамасола дар охири сол бақайдгирии оилаҳои ниёзманди ҷомеа гузаронида шуда, дар он корманди масъули ҳизб ҳамчун аъзои комиссия шомил гардидааст. Оилаҳое, ки барои қайди кабизоатӣ барои кӯмаки молиявӣ- иҷтимоӣ ба комиссия ҳуҷҷат пешниҳод карда буданд,  аз ҷониби гурӯҳи корӣ  молу амвол  ва сатҳи зиндагии онҳо санҷида баромада шуд. Оилаҳое, ки дар ҳақиқатан сатҳи рӯзгорашон мушкил ва маъюбу бепарасторан, аз тарафи комиссия ҳамчун оилаҳои ниёзманди ҷомеа  ба қайд гирифта шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg