БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРНОМАИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2020-2025

ПЕШГУФТОР

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (минбаъд-ҲХДТ) зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад. ҲХДТ барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамояд. Рисолат ва мазмуну моҳияти барномаи ҲХДТ – рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ босубот мебошад.

Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ аз ҳадафҳои асосии барномавии ҳизб сарчашма гирифта, ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои расидан ба онҳо вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд.

Дар асоси таҳлилҳои илман асоснокшуда аҳолии мамлакат аз 9,5 миллион нафар дар соли 2020 то ба 10,5 миллион дар соли 2025 афзоиш меёбад. Ин далел тақозо менамояд, ки ба ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.

Дар ин росто, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба ҳар нафар аҳолӣ аз 8430 сомонии соли 2020 бояд то соли 2025  ба 12297 сомонӣ расонида шуда, ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ аз 30 то 40 фоиз афзоиш дода мешавад. Ҳамасола суръати миёнаи рушди иқтисодӣ дар сатҳи 7 фоиз нигоҳ дошта шуда, ҳаҷми сармоягузориҳои хусусӣ дар ММД аз 10 то 15 фоиз афзоиш ва ҷараёни саноатикунонии босуръати кишвар идома меёбад.

Дар ин давра, пешбинӣ мегардад, ки аз ҳисоби таҷдид ва ба кор андохтани иқтидорҳои нав истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат беш аз 10 млрд кВт соат афзоиш дода мешавад.

Барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии ҳизб, ки аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, ҳизб тасмим гирифтааст, ки ба хотири татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар он ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ эълон шудааст, саҳми босазо гузорад. ҲХДТ бо истифода аз таҷриба ва сабақҳои таърихӣ, бо роҳи суръат бахшидан ба ислоҳоти иқтисодӣ ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии рушд барои 5 соли оянда (таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии  босуръати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул) тамоми қудрату неруи худро равона месозад.

 

1. БАХШИ ТАҲКИМ БАХШИДАНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ, ВАҲДАТУ ЯГОНАГӢ ВА РУШДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи кишвар дар даврони истиқлолият марҳалаҳои пурпечутоби таърихи навини худро паси сар намуда, дар ин раванд бо санҷишҳои зиёде рӯ ба рӯ гашт.

Ҳамзамон, бо пешравиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавқеи байналмилалии Тоҷикистон дар ин давра хеле мустаҳкам гардида, нуфуз ва ҷойгоҳу мақоми он дар равандҳои муосири ҷаҳонӣ баланд шуд, ки тамоми ин дастовардҳои даврони истиқлолият аз файзу баракати Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва амнияти кишвар сарчашма мегиранд.

Вазифаи ҲХДТ дар иртибот ба фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра ва минтақа афзудани тамоюлҳо ва хатарҳои терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар минтақа аз он иборат аст, ки баҳри таҳкими истиқлолияти давлатӣ, суботу амнияти миллӣ, ваҳдати миллӣ, ягонагии халқи Тоҷикистон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша талош намояд.

Масъалаи ҳифзи ин дастоварди бузург, яъне ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркону пояҳои он хусусан, дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир, яъне рӯз аз рӯз мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ аҳамияти торафт ҷиддии ҳаётӣ пайдо мекунад.

Аз ин лиҳоз, вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар, бахусус, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро бартару болотар аз ҳама арзишҳо гузорад.

1.1. Таҳкими истиқлолияти давлатӣ. Таҳкими манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба шумор меравад.

1.2. Амнияти миллӣ. ҲХДТ ба хотири таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти бомаром ва самараноки сохторҳои давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, идораи равандҳои иҷтимоию сиёсӣ ва ҳимояи онҳо аз зуҳуроти номатлуби ифротгароию терроризм, қочоқи маводи мухаддир, одамрабоӣ ва дигар равияҳои тафриқаангези динию мазҳабӣ, ки ҳадафи онҳо бо роҳи зӯрӣ ба даст овардани ҳокимият, аз байн бурдани сохти конститутсионӣ ва вайрон кардани тамомияти арзии давлат мебошад, дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош меварзад.

1.3. Таҳкими ваҳдат ва ягонагии Тоҷикистон. ҲХДТ суботи сиёсӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро асоси иродаи озоди мардум дониста, барои пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояи истиқлолият ва озодиро таҳким бахшида, барои пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, рушду нумӯи иқтисодиёт, илму фарҳанг ва дар маҷмӯъ, давлатдории миллӣ саъю талош менамояд.

  Дар ин самт, ҲХДТ масъалаҳои зеринро афзалиятнок мешуморад:

- барои ҲХДТ амнияти миллӣ стратегияе ба шумор меравад, ки ҷиҳати таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳимми миллӣ равона гардидааст. Таассуби динию мазҳабӣ ва дигар равияю мазҳабҳое, ки дар байни ҷомеа тафриқа меандозанд, ҳамчун таҳдид ба амнияти миллӣ шинохта мешаванд;

- ҲХДТ шакли давлатдории дунявиро ҳамчун низоми озмудаи давлатдорӣ эътироф намуда, густариши арзишҳои умумиинсониро аз самтҳои стратегии фаъолияти сиёсӣ ва мафкуравии худ мешуморад;

- таъмини амнияти шахсӣ, ташаккули ҷомеаи устувори шаҳрвандӣ, ки дар он амният, ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон кафолат дода мешаванд;

- ҲХДТ барои таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки дарозмуддати рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар самтҳои макроиқтисодӣ ва соҳаҳое, ки ба имконияту захираҳои мавҷуда асос ёфта, хусусиятҳои минтақавии кишварро муайян мекунанд ва хусусияти амнияти иқтисодӣ доранд, талош менамояд;

- ҲХДТ фаъолияти зиддиконститутсионии ташкилот ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ, рушди ҷиноятҳои муташаккил, қочоқи силоҳ, таъсири манфии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсиониеро, ки дар раванди  халалдор кардани суботи сиёсӣ, барангехтани низоъҳои миллию нажодӣ, махсусан, таъсири манфӣ расонидан ба мафкураи ҷавонон маҳкум намуда, мақом ва нақши ниҳодҳои илмӣ ва таълимию тарбиявии давлатдориро дар ин самт аввалиндараҷа меҳисобад;

- ҲХДТ барои ривоҷи мафкураи давлатию ҷаҳонбинии илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи илму дониш, интизом, садоқат ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон, таҳаммулпазирӣ, касбият, салоҳиятнокӣ, инчунин, татбиқи технологияҳои замонавӣ барои рушду нумӯи кишвар пайваста талош меварзад;

-  ҲХДТ барои истифода аз арзишҳои маънавии миллат дар шароити ҷаҳонишавӣ кӯшиш карда, арҷгузорӣ ва эҳтироми забони давлатӣ ва дигар муқаддасоти миллиро зарур мешуморад;

- ҲХДТ тақвият бахшидани сиёсати давлатиро дар самти таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди ҳувияти шаҳрвандӣ муҳим шуморида, густариши онҳоро дар ҷомеа аз шартҳои зарурии рушди соҳибихтиёрии давлатӣ медонад;

- ҲХДТ баҳри пешгиии зуҳуроти номатлуби ҷомеа аз қабили экстримизм, терроризм ва ҷаҳолату хурофот, ки ба амнияту осоиштагии кишвар халал ворид менамоянд, чораҳои муаассир андешида, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

 

1.4. Омили инсонӣ дар таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ. ҲХДТ масъалаи рушди омили инсонӣ, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ намуда, таҳияи барномаҳои махсуси давлатиро ба хотири пешрафт ва бедории андешаҳои нави созанда, масъулиятшиносӣ ва ҷаҳонбинии муосир зарур мешуморад.

1.5. Рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ. ҲХДТ ҷомеаи шаҳрвандиро марҳилаи олии рушду инкишоф ва яке аз шаклҳои ҳамраъйиву ҳамкории инсонӣ ва асоси устувории давлат ҳисобида, барои баланд бардоштани нақшу ҷойгоҳи он дар байни аҳолии кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ амалӣ менамояд. Гузашта аз ин, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин, аз иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбу ҳаракатҳои ғайрисиёсию ғайридавлатӣ ва ҷамъиятҳои динию фарҳангӣ иборат мебошад ва ҲХДТ ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлат ҳамеша ҷиҳати боло бурдани сатҳи фарҳанги сиёсии онҳо мусоидат менамояд. Ҳизб ҳамкориҳои доимиву густурдаро бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ монда, ҷиҳати тақвият бахшидани  масъулияти онҳо дар ҳаллу фасли масъалаҳои рӯзмарра ва ҳалталаби ҷомеа, ки иҷрои саривақтии худро тақозо доранд, талош менамояд.

ҲХДТ барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ ба масъалаҳои зерин эътибори ҷиддӣ медиҳад:

- тағйирнопазирии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

- пойдорӣ ва инкишофи арзишҳои моддӣ ва маънавии ҷамъият;

- таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар;

- нигоҳдории ризоияти ҷомеа ва фазои устувори сиёсӣ дар мамлакат;

- тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ;

- фаъолияти устувори ниҳодҳои давлатдорӣ, таҳким ва самаранокии фаъолияти онҳо;

- таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар;

- таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ ;

-  раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани мамлакат;

- таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат;

- саноатикунонии  босуръати кишвар;

- вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул.

 

  2. БАХШИ СИЁСАТИ ИҚТИСОДӢ

Дар бахши сиёсати иқтисодӣ ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҲХДТ тасмим гирифтааст, ки дар иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат пешсаф ва саҳмгузор бошад.

Ба шарофати саҳми сазовори ҲХДТ дар дигаргуниҳои ҳаёти ҷомеаи муосир суботи макроиқтисодӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, аз ҷумла рушди устувори тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъмин гардида, дар давраи татбиқи барномаи қаблии фаъолияти он ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) қариб 2 маротиба афзоиш ёфт. Даромадҳои пулии аҳолӣ 1,9 ва музди меҳнати миёнаи як корманд 1,8 маротиба зиёд шуданд. Дар натиҷа, сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар кишвар аз 41 фоизи соли 2011 то 27, 5 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд.

Мақсади асосии ҲХДТ фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, фароҳам овардани заминаҳо барои таҳкими неру ва қобилияти ҳар як шаҳрванд мебошад. Ҳизб минбаъд низ ба масъалаҳои нигоҳ доштани суботи макроиқтисодӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, рушди афзалиятноки соҳаҳои истеҳсолӣ, тавсеаи сармоягузории дохиливу хориҷӣ, рушди инфрасохтори мамлакат ва табдили он ба кишвари транзитӣ, таъмини шуғли пурмаҳсул ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин, идомаи ислоҳоти сохторӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт чораҳои таъхирнопазир ва амалӣ афзалият медиҳад.

ҲХДТ барои ноил шудан ба мақсаду афзалиятҳои зикргардида дар солҳои 2020-2025 иҷрои тадбирҳоро дар самтҳои зерин зарур мешуморад:

2.1. Дар пешбурди сиёсати мукаммали иқтисодӣ, баланд бардоштани самаранокӣ, диверсификатсия ва рақобатпазирии истеҳсолоти ватанӣ:

- таҳияи қонунҳои нав ва пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба қонунҳои мавҷуда бо мақсади расидан ба ҳадафҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”;

  • иштирок дар таҳия ва татбиқи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”;
  • такмили муназзами сохтори иқтисодиёт ҷиҳати таъмини суръати баланди рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар;

- мусоидат ба азхудкунии оқилона ва истифодабарии самараноки сарватҳои табиии кишвар, таҳкими неруи табиию иқтисодии минтақаҳои ҷумҳурӣ;

  • таъмини рақобатпазирӣ ва самаранокии рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла саноат ва кишоварзӣ, инчунин, рушди минтақаҳо;
  • фароҳам овардани шароит барои гузариш аз модели аграрӣ-саноатӣ ба модели саноатӣ-аграрии рушди иқтисодиёт;
  •  таҳкими раванди ҷорӣ ва истифодабарии васеи технологияҳои муосир ва инноватсионӣ, аз ҷумла тариқи ташкили технопаркҳо ҷиҳати баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолоти ватанӣ;

- ҷалби бештари сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои истеҳсолӣ, бунёди корхонаҳои нав ва истеҳсоли молу маҳсулоти ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ;

  • идомаи ислоҳоти иқтисодӣ, аз ҷумла такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқии хоҷагидорӣ вобаста ба талаботи замон;

- дастгирии содирот, вусъатбахшии ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва содагардонии расмиёти савдо;

- фароҳам овардани заминаи иқтисоди рақамӣ ва савдои электронӣ.

2.2. Ҷиҳати ҳавасманд гардонидани фаъолияти соҳибкориву истеҳсолӣ:

- идомаи ислоҳот дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба зарурати беҳдошти мавқеи кишвар дар низоми рейтингҳои байналмилалӣ;

- тақвияти механизми дастгирии давлатии соҳибкорию рушди сармоягузорӣ ва бартараф намудани монеаҳои мавҷуда;

- таҳкими заминаи институтсионалию молиявии рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ;

- мукаммалгардонии низоми таъмини кафолати сармоя мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ;

- ҷалби ҳамватанон-соҳибкорони бурунмарзӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар;

- ташкили шароити мусоид барои таъсиси марказҳои логистикӣ ва дигар объектҳои инфрасохторӣ;

- ташкили технопаркҳо ва бизнес-инкубаторҳо бо мақсади рушди бемайлони соҳибкории хурду миёна;

- тайёр кардани мутахассисони баландихтисос, ки ба талаботи бозори меҳнати муосир ҷавобгӯ мебошанд;

- рушди босуръати минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва минтақаҳои саноатӣ;

- мусоидат ба ташаккулдиҳии брендҳои миллӣ ва баланд бардоштани имиҷ ва пешбурди маҳсулоти корхонаҳои бахши воқеии истеҳсолии Тоҷикистон дар бозорҳои дохилӣ ва ҷаҳонӣ.

2.3. Барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва зиёд кардани синфи миёнаи аҳолӣ:

- таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар;

- мусоидат ҷиҳати нисбатан зиёд намудани ҳаҷми даромадҳои пулии аҳолӣ ва андозаи музди миёнаи моҳонаи як корманд;

  • вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул ва дар робита ба ин, ҳамасола таъсис додани ҷойҳои нави корӣ;

- мусоидат ба раванди болоравии маърифати молиявии мардум;

- иштироки фаъол дар таҳия ва татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои мамлакат;

- таҳкими фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо ва таъмини иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоӣ;

- мусоидат ба фароҳам овардани заминаҳои ташаккулёбӣ ва фаъолияти самараноки кластерҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ барои рушди шаҳраку шаҳрҳои хурд;

- таъмини сифати баланди хизматрасониҳои коммуналӣ ва бунёди инфрасохтори зарурии он дар шаҳру ноҳияҳо;

- андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати рушди инфрасохтори таъмини аҳолии деҳот бо оби ошомидании тоза;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои ташаккул ва рушди иқтисодиёти деҳот тавассути ташкили корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ;

- татбиқи барномаҳои шуғли кӯтоҳмуҳлат бо дарназардошти талабот ва манфиатҳои мардону занон, ҷавонон, шахсони маъюб ва дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ;

- таҳия ва татбиқи чорабиниҳо оид ба истифодабарии самараноки неруи рекреатсионӣ (табиӣ)-и минтақаҳои кӯҳии кишвар ва сохтмони иншооти истироҳатӣ (меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, кемпингҳо ва ғ.), рушди сайёҳии табиию экологӣ.

2.4. Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат:

- идомаи ислоҳот дар самти кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои комплекси агросаноатии кишвар;

- зиёд кардани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ тавассути дастрасӣ ба тухмиҳои хушсифат, нуриҳои минералӣ ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо;

- андешидани чораҳои зарурӣ дар соҳаи истифодабарии самараноки заминҳои корам ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав ва бекорхобида;

- мусоидат ба бунёди кластерҳои агросаноатӣ ва корхонаҳои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, нигоҳдорӣ ва бандубасти он ҷиҳати рушди соҳаҳои агросаноатии воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда;

- идомаи корҳо ҷиҳати ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии сифати маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ дар раванди истеҳсолоти ватанӣ;

- ташаккули асосҳои институтсионалии таъмини бехатарии маҳсулоти ғизоӣ;

- ба вуҷуд овардани навъҳои нави зироатҳои серҳосил ва чорвои хушзот бо роҳи дастгирии давлатии корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва ба ин васила, паст намудани таъсири тағйирёбии иқлим ба истеҳсолоти кишоварзӣ;

- зиёд намудани истеҳсоли меваҷот тавассути бунёди боғҳои интенсивӣ ва дигар усулҳои муосири боғу токпарварӣ.

2.5. Доир ба татбиқи сиёсати энергетикии кишвар ва баланд бардоштани самаранокии низоми таъминоти аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт бо неруи барқ:

- ноил гардидан ба истиқлолияти пурраи энергетикии кишвар тавассути анҷом додани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дигар неругоҳҳо;

- мусоидат ба истифодабарии самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва татбиқи рукнҳои «иқтисоди сабз» бо мақсади ҳимоя аз манфиатҳои наслҳои оянда;

- дастгирии раванди сохта ва ба истифода додани неругоҳҳои барқи обии хурду миёна бо назардошти имкониятҳои мавҷуда;

- таҳкими раванди идомаи корҳо оид ба таҷдиду бунёди инфрасохтори зарурии таъминоти барқ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ;

- мусоидат ба бунёди шабакаи хатҳои интиқоли барқ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаи минтақавии «CASA-1000»;

- фароҳам овардани шароити зарурӣ барои афзоиши ҳаҷми содироти неруи барқ ба кишварҳои хориҷӣ тавассути дарёфти роҳҳои нави фурӯш ва ташаккулёбии бозори минтақавии неруи барқ.

2.6. Бо мақсади ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути рушди инфрасохтори коммуникатсионӣ:

- идома додани татбиқи лоиҳаҳои таҷдиду барқарорсозии роҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва сохтмони хатҳои нави роҳи оҳан;

- дастгирии ҳамаҷонибаи раванди табдили долонҳои минтақавии нақлиётӣ ба долонҳои мукаммали иқтисодӣ;     

 - идомаи ислоҳот ва татбиқи саривақтии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи нақлиёт ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳои нақлиётӣ;

- дастгирии ҳамаҷонибаи идомаи сохтмони пулҳо ва иншооти зиддитармавӣ дар роҳҳои оҳан ва автомобилгарди кишвар;

- мусоидат ба афзоиши теъдоди хатсайрҳои ҳавоӣ ва ҳаҷми мусофирбариву боркашонии байналмилалии кишварҳои ҷаҳон тавассути таъсиси ширкатҳои муштарак бо ҷалби бештари сармоягузорони хориҷӣ ва ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, рушди инфрасохтори ҳавоӣ, транзитӣ ва ширкатҳои ҳавоӣ;

- таҷдид, нигоҳдорӣ ва истифодаи самараноки шабакаи фурудгоҳҳои кишвар, инчунин, дастрасии аҳолии ҳамаи минтақаҳо ба хизматрасониҳои нақлиёти ҳавоӣ;

- дастгирии давлатии рушду инкишофи хизматрасонӣ ва имкониятҳои транзитӣ дар асоси истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ.

2.7. Оид ба такмили низоми молиявии кишвар ва таъмини самаранокии фаъолияти бозори хизматрасониҳои молиявӣ:

- татбиқи пурраи низоми буҷетикунонии барномавӣ;

- назорати истифодаи шаффофу самараноки маблағҳои буҷавӣ;

- мусоидат ба ташаккулёбӣ ва рушди бозори дуюмдараҷаи коғазҳои қиматнок;

- такмили низоми андозбандӣ ва маъмурикунонии андоз, аз ҷумла, бо истифода аз технологияҳои рақамӣ зимни ҷамъоварии андозҳо;

- таъмини устувории қобилияти харидории пули миллӣ ва сатҳи нархҳо бо роҳи татбиқи сиёсати самараноки пулию қарзӣ;

- таъмини пардохтпазирӣ ва барқарор кардани сатҳи баланди эътимоднокии бонкҳо, беҳдошти дастрасии мизоҷон ба захираҳои молиявӣ, аз ҷумла қарзҳо, инчунин, васеъ ҷорӣ намудани шаклҳои муосири хизматрасониҳои бонкӣ;

- васеъ намудани миқёси истифодабарии пардохтҳои ғайринақдӣ, бахусус, дар савдои чакана ва хизматрасониҳо тавассути технологияҳои муосири иттилоотӣ;

- мусоидат ба такмили механизми фаъолияти фондҳои иҷтимоӣ ва рушди бозори суғурта;

- таъмини густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо шарикони рушди минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавии молиявию қарзӣ бо мақсади ҷалби бештари воситаҳои молиявӣ.

2.8. Ҷиҳати мукаммалгардонии низоми идоракунии давлатӣ ва тақвияти раванди ҳамоҳангсозии сиёсати рушд:

- тақвияти раванди ташаккулёбии низоми муосири банақшагирии стратегӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии идоракунии давлатӣ;

- такмили сохтори ташкилию идоракунӣ ва неруи кадрию техникӣ, аз ҷумла зиёд намудани ҳиссаи занон дар мансабҳои роҳбарии хизмати давлатӣ ва тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ;

- таъмини шаффофияту самаранокӣ дар идоракунии молияи давлатӣ ва пурзӯр намудани назорати зиддикоррупсионӣ;

- идомаи татбиқи консепсияи ташаккулёбии ҳукумати электронӣ дар низоми мақомоти давлатӣ;

- таъмини ҳамгироии васеи барномаҳои рушди миллӣ, соҳавию минтақавӣ ва буҷети давлатӣ;

- таъмини самаранокии идоракунӣ ва истифодабарии амволи давлатӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ.

2.9. Оид ба рушди туризм ва инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ:

-    ташаккули асосҳои институтсионалии рушди соҳаи сайёҳӣ ва дар амал татбиқ намудани меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ;

- ташаккули инфрасохтори муосири соҳаи сайёҳӣ, бо ҳавасмандгардонии инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, таъсиси равзанаи ягона ва автоматикунонидашудаи бақайдгирии сайёҳон, рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт, муосиргардонии нуқтаҳои қабули сайёҳон, аз ҷумла фурудгоҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва маҳаллӣ, гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва терминалҳои нақлиётӣ;

- тақвияти иқтидорҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили тарғиби ҳаматарафаи он;

- таъмини рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳӣ дар асоси баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ;

- ташаккул ва муаррифии бренди миллии мавзеъҳои сайёҳӣ – маркетинг ва пешбурди маҳсулоти соҳаи сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию рекреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ;

- тақвияти неруи инсонӣ, таъминоти кадрӣ ва шуғли пурмаҳсул дар соҳаи сайёҳӣ, ташкили омӯзиши таҷрибаи хориҷӣ, такмили ихтисос ва омода кардани кадрҳо дар хориҷи кишвар;

- мутобиқгардонӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини бехатарии сайёҳон;

- таъсиси кластерҳои сайёҳӣ ва таъмини инноватсионию сармоягузории рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ, пешниҳод ва амалисозии имтиёзҳо ва кафолати давлатии ҳифзи манфиатҳои сармоягузорон.

2.10. Дар самти ҳифзи муҳити зист, истифодаи захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошти вазъи экологӣ:                            

- мукаммал гардонидани қонунгузорӣ дар самти ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла коҳиш додани партовҳои корхонаҳои саноатӣ, нигоҳдории биогуногунӣ (табиати зинда) ва ҷангал, сарфаю истифодабарии оқилонаи об ва энергия, мубориза алайҳи биёбоншавӣ ва ҳифзи замин, мониторинги обшавии пиряхҳо, истифодаи захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошти вазъи экологӣ;

- мусоидат намудан дар татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»;

- таҳти назорати доимӣ қарор додани иҷрои қонунгузорӣ дар самти ҳифзи муҳити зист;

- арзёбии экологӣ, аудит ва экспертизаи корхонаҳо ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти беҳтари экологӣ;

- коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ (ГГ), ки вобаста ба зиёдшавии аҳолӣ, рушди иқтисодиёт ва зиёд шудани теъдоди нақлиёт партовҳо ба ҳаво зиёд шуда истодаанд ва ба иқлим таъсири манфӣ  мерасонанд;

 - иштирок ва саҳмгузорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ ва  байналмилалӣ дар самти тағйирёбии иқлим ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ дар ин самт;

- ба талаботи замонавӣ ҷавобгӯй намудани самаранокии обрасонӣ ва муқовимат намудан ба истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои обу замин, ки  сабабгори буҳрони экологӣ дар минтақа ва ҷаҳон мешаванд;

- пешгирӣ аз вайрон гаштани мувозинати экологӣ ва тавсеа бахшидани шинондани дарахтон ва васеъ намудани ҷангалзорҳо дар тамоми минтақаҳои мамлакат;

- мусоидат баҳри ҳифзи олами ҳайвоноту набототи Тоҷикистон ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати тақвияти маърифати экологии мардум.

2.11. Гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ, тавсеаи “Ҳукумати электронӣ” ва дастрасӣ ба он:

- татбиқи консепсия ва стратегияи “иқтисодиёти рақамӣ” дар кишвар ва ташаккули низоми ҳамоҳангшудаи муносибатҳо байни субъектҳои иқтисодӣ ва мақомоти гуногуни давлатӣ дар асоси истифодаи васеи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ;

- дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорону сармоягузорон ба хизматрасониҳои босифати давлатӣ тавассути тавсеаи “Ҳукумати электронӣ” аз рӯи принсипҳо ва стандартҳои байналмилалӣ;

- татбиқи технологияҳои рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар ин самт;

- таъмини пайвасти шабакаҳои иттилоотии кишвар ба шабакаи ҷаҳонии Интернет бо суръати баланд.

 

    3.БАХШИ СИЁСАТИ ИҶТИМОӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ буда, мутобиқи моддаи аввали Конститутсия, барои ҳар як инсон шароити арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад.

ҲХДТ манфиатҳои кишварро болотар аз ҳама гуна манфиатҳо дониста, ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арҷ гузошта, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи инсонро эҳтиром мекунад.  Дар доираи сиёсати иҷтимоии давлат ҳар шахс ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳуқуқ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил, ҳифзи саломатӣ ва истироҳатро дошта, метавонад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад. Инчунин, ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи пайгиронаи муҳимтарин барномаву стратегияҳои рушди миллӣ сол то сол тараққӣ карда, ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои муайяншудаи давлат ва Ҳукумати кишвар барои зина ба зина баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва рушди иқтисоди миллӣ имконият фароҳам меорад.

    1. Самти тандурустӣ:

ҲХДТ идомаи ислоҳоти соҳаи тандурустиро дастгирӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасӣ, сатҳу сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин, рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббию санитарӣ талош меварзад. Ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ, пеш аз ҳама, ба таъмини устуворӣ ва дастрасии ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ ба муолиҷаю табобат ва барқарорсозии саломатӣ равона карда мешавад.

Фаъолияти ҲХДТ барои мусоидат намудан ба ҳалли чунин вазифаҳо равона гардидааст:

- гузаронидани ислоҳоти муназзам дар соҳаи тандурустӣ, беҳсозии дастрасӣ, сифат ва самарабахшии хизматрасониҳои тиббию санитарӣ, махсусан, барои аҳолии камбизоат ва мардуми деҳот;

- таъмини иҷрои самараноки “Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо хизматрасониҳои кумаки тиббию санитарӣ”, ҷорӣ намудани низоми тибби суғуртавӣ;

- боз ҳам беҳтар намудани инфрасохтори тандурустӣ, таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамон, тарбияи кадрҳои баландихтисос;

- ташкили корхонаҳои дорусозӣ ва васеъ истифода бурдани гиёҳҳои шифобахши ватанӣ дар табобат;

- таблиғу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа.

ҲХДТ барои таъмини чунин натиҷаҳо дар рушди низоми тандурустӣ талошҳои худро бештар мегардонад:

- зиёд намудани ҳаҷми маблағгузорӣ барои рушди соҳаи тиб ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ;

- ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд, нафақахӯрону собиқадорони меҳнат ва ба ёрии тиббӣ фаро гирифтани онҳо.

- беҳтар шудани механизми таъминот бо доруворӣ, сифат ва таъсирбахшии маҳсулоти доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ;

- васеъ ҷорӣ шудани технологияҳои инноватсионӣ дар фаъолияти муассисаҳои низоми тандурустӣ, баландтар гаштани сатҳи фарогирии кӯдакони маъюб бо хизматрасониҳои муассисаҳои махсусгардонидашуда;

- ба таври назаррас коҳиш ёфтани фавти модару кӯдак ва баланд намудани давомнокии умр дар шаҳру деҳот.

- баланд бардоштани савияи дониш, тахассус ва маҳорату малакаи кормандони соҳаи тиб;

- ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар муассисаҳои тиббӣ дар асоси дастовардҳои тибби муосир;

ҲХДТ ба ташаккули механизмҳои таъмини афзоиши давомнокии умр ва солимии аҳолӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.

    1. Шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ:

ҲХДТ дар панҷ соли гузашта дар роҳандозӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон, бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, инчунин, танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷи кишвар саҳми муайяни худро гузошт. Минбаъд низ шуғли пурмаҳсул тавассути баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва сифати бозори меҳнат, рушди соҳаҳои саноати коркард, кам кардани шумораи бекорон, махсусан, дар деҳот дигаргуниҳои сохторӣ ва идоракунии самарабахши муҳоҷирати меҳнатӣ вусъат дода мешавад. ҲХДТ дар ин самт, бо ҳамаи зинаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, ҳамзамон бо бахши хусусӣ ҳамкориро беш аз пеш вусъат дода, ният дорад ҷиҳати таҳким бахшидани корҳо ҳадафҳои зеринро амалӣ созад:

Вобаста ба муносибатҳои меҳнатӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон:       

- ташаккули минбаъдаи заминаҳои меъёрии ҳуқуқии шарикии иҷтимоӣ байни кордиҳандагон, бахши хусусӣ ва муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

- дар баробари таъсис додани ҷойҳои кории нав диққати ҷиддӣ додан ба масъалаи касбомӯзӣ, бахусус, тақвият додани низоми такмили ихтисос ва фаъолияти марказҳои касбомӯзии калонсолон;

- ба талаботи бозори муосири меҳнат мутобиқ намудани малакаи касбии хатмкунандагони муассисаҳои касбомӯзӣ;

- баланд бардоштани сатҳи ҳадди ақали музди меҳнат ва давра ба давра боло бурдани он то сатҳи ҳадди ақали зиндагӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо вазорату идораҳо ҷиҳати баланд бардоштани музди меҳнати созмонҳои ғайрибуҷетӣ;

- ҷалби шумораи бештари аҳолӣ ба барномаҳои омӯзишӣ, пеш аз ҳама, касбу ихтисосҳои замонавии ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар рақобатпазир ва фарогирии ҳарчи бештари дастрасии духтарон ва занон ба таҳсил;

- зиёд намудани шумораи муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

- зиёд кардани курсҳои кӯтоҳмуддати касбӣ барои ҷавонон ва калонсолон, аз ҷумла такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва тақвияти малакаҳои касбии онҳо;

- бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди сайёҳӣ дар заминаи муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъсис додани бахшҳои ҳунарҳои мардумӣ ва тибқи талабот ба роҳ мондани фаъолияти онҳо;

- ташкили коргоҳҳои хурди истеҳсоли ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба бозомӯзӣ фаро гирифтани калонсолон.

3.3. Шуғли аҳолӣ ва бозори меҳнат:

- тақвият бахшидан ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ бо шарикони рушд ва дарёфти манбаъҳои иловагию ғайрибуҷетии татбиқи барномаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

- андешидани тадбирҳо ҷиҳати аз байн бурдани иқтисодиёти пинҳон ва кам кардани ҳаҷми шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ);

- баланд бардоштани сатҳи шуғлнокии аҳолӣ. Ҳама захираҳои дастрас ва иқтидорҳои ташкилӣ, аз ҷумла кумаки берунӣ бояд ба зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва хизматрасонӣ дар бозори дохилӣ равона карда шаванд. Рушди соҳаҳои нав – сайёҳӣ ва хизматрасониҳои тиҷоратӣ, вусъатбахшии соҳаи иттилоотию технологӣ ва энергетика, сохтмони роҳҳо, рушди соҳаҳои дорои арзиши иловашудаи нисбатан баландтар (коркарди нахи пахта, маҳсулоти кишоварзӣ), рушди хизматрасониҳои иҷтимоӣ барои аҳолӣ, таъсиси системаи банақшагирии захираҳои инсонӣ барои идоракунии давлатӣ, таъсиси системаи дурнамоии кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати бозори меҳнат, механизми ҳифзи бозори меҳнат (иҷозати кор, талабот нисбат ба забони давлатӣ);

  • таҳкимбахшии робитаи байни рушди шуғл ва вусъатбахшии бозорҳои фурӯш, хусусан содирот, бо роҳи ҷорӣ намудани нишондиҳандаҳои самарабахши шуғл ба сиёсати рушди бозор ва тақвиятбахшии ҳамкории мақомоту идораҳои давлатӣ оид ба рушди содирот ва шуғл;
  • тақвияти касбомӯзӣ ва корҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ бо мақсади забондонӣ ва фарҳанги муошират дар омодагии пеш аз сафари  муҳоҷирони меҳнатӣ;
  • ҷорӣ намудани принсипи дастгирии инноватсияҳо (навгониҳо) дар иқтисод, ҷорӣ намудани технология ва нанотехнологияҳои нав, истеҳсолоти илмталаб, истифодаи манбаъҳои ғайрианъанавии энергия, истеҳсолоте, ки коркарди ашёи хоми маҳаллиро таъмин мекунад, сиёсати фасеҳи андоз, дастгирии давлатӣ ва қарздиҳӣ.

3.4. Сиёсати гендерӣ ва оила

ҲХДТ минбаъд низ  дар самти сиёсати гендерӣ нақшаҳои мушаххасро пайгирӣ намуда, барои расидан ба баробарҳуқуқии воқеӣ байни занон ва мардон (де-юре ва де-факто) чора меандешад. Аз ҷумла,  ташаббуси  занону мардонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоӣ, нақшу мақоми онҳо дар ҷомеа ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои иловагӣ меандешад ва дар маҷмӯъ, кӯшиш менамояд, ки онҳо ба сатҳи ҳарчи беҳтар ва шоистаи зиндагӣ муваффақ гарданд.

ҲХДТ ба масъалаи ҷалби занону ҷавонон ва духтарони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун неруи тавоно ва пешбаранда таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳамоҳанг  намудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва  созмонҳои ҷамъиятӣ барои ҳалли мушкилоти аъзоёни ҷомеа кӯшиш мекунад.

ҲХДТ, аз ҷумла иҷрои корҳои зеринро дар ин самт зарур мешуморад:

- тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иштироки онҳо дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, қонунгузор ва судӣ (Мониторинги барномаҳои давлатӣ нишон медиҳад, ки шумораи занони роҳбарикунанда дар сатҳи қабули қарор паст аст ва барои расидан ба нишондодҳои сатҳи байналхалқӣ,  яъне 30% чораҳои ҷиддӣ андешидан лозим);

- андешидани чораҳои зарурӣ оид ба баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа, ҷалби бештари занон ба идоракунии давлатӣ, кафолати иҷтимоии модарони танҳо, занону духтарон аз оилаҳои камбизоат ва занону духтарони деҳот;

- таъсисдиҳии мактаби захираи кадрҳо дар базаи мақомотҳои гуногуни давлатӣ ва хусусӣ, ҷамъиятӣ ва мониторинги ин мактабҳо барои тарбияи пайдарҳами кадрҳои арзанда аз ҳисоби занону духтарон;

- таҳияи барномаҳои махсуси корбарӣ (барномаи устод ва шогирд) дар сатҳи деҳоту ҷамоат, шаҳру ноҳия ва вилояту ҷумҳурӣ барои тарбияи зина ба зинаи кадрҳои болаёқат;

- вусъати барномаҳои дастгирии иқтисодии занон, аз ҷумла таҳияи санадҳои  меъёрию ҳуқуқӣ барои  таъмини дастрасии занон ба захираҳои молиявӣ ва рушди соҳибкории занон, аз ҷумла  ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок,  грантҳои гуногун (давлатӣ, ҳизбӣ) барои занон.

ҲХДТ оиларо асоси ҷомеа ва арзиши олӣ эътироф намуда, барои устувории пояҳои он дар шароити нави ҷаҳонишавӣ амалӣ намудани чораҳои зеринро зарур меҳисобад:

- баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа ва омодагии ҷиддӣ барои бунёди оила;

- бо мақсади нигоҳдорӣ ва пойдории оилаҳо амалӣ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои аъзои оила;

- ҳифзи саломатии модару кӯдак, солимӣ ва ҳуқуқи репродуктивӣ;

- таҳияи санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ барои дастгирии  оилаҳои ниёзманд, модарони танҳо, кӯдакони ятиму бепарастор;

ҲХДТ ҷонибдори бартараф намудани ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ дар ҷомеа буда, ҷиҳати ташаккули муҳити солими корӣ, оилавӣ, риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳар як аъзои ҷомеа мусоидат мекунад.

ҲХДТ ҷиҳати фароҳам овардани имконият барои истифодаи самаранок аз “равзанаи имкониятҳои демографӣ”, мусоидати ҳаматарафа ба таъмини шуғли пурмаҳсули занону ҷавонон ба хотири минбаъд коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, ислоҳоти низоми идорасозии давлатӣ, тақвият додани сармояи инсонӣ ва суръат бахшидан ба рушди минтақавӣ равишҳои нави ҳалли масъалаҳоро пешбинӣ менамояд.

 

4. БАХШИ РУШДИ МАОРИФ ВА ИЛМ

Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, неруи зеҳнии қишрҳои фаъоли ҷомеа, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини мо дар соҳаҳои илму маориф маҳсуб мегардад.

Аз ин рӯ, ҲХДТ ба соҳаҳои илму маориф эътибори ҷиддӣ дода, ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром идома медиҳад ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф месозад.

4.1. Дар самти маориф:

- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм бо мақсади татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, аз ҷумла санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба гузариши таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба маблағгузории сарикасӣ; оид ба гузариши муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба муносибати босалоҳият ба таълим; оид ба гузариши муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба таҳсилоти 12-сола; оид ба гузаронидани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба низоми кредитии таҳсилот; оид ба гузаронидани таҳсилоти олии касбӣ ба стандартҳои байналмилалии тахассусӣ; оид ба масъалаи калидӣ ва афзалиятнок эълон намудани таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар сиёсати иҷтимоии давлат;

- афзалият додан ба таҳсилоти томактабӣ ба хотири то соли 2025 ба 30% расонидани фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, таъмини дастрасии намояндагони ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва истифодаи шаклҳои алтернативии он;

- таҳкими пояи моддӣ - техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла, компютерҳои насли нав, видеопроекторҳо, тахтаҳои электронӣ, таҳияи шакли электронии дарсҳо дар дискҳо;

- то давраи соли 2025 бунёд намудани беш аз якуним ҳазор муассисаҳои таълимии типи нав, пурра баровардани мактабҳо аз вагонҳо, хонаҳои шахсӣ ва биноҳои садамавӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ дар минтақаҳои нави аҳолинишин;

- пурра таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо кадрҳои омӯзгории соҳибтахассус, тавсеаи дастгирии иҷтимоӣ ва иқтисодии мутахассисони ҷавон;

- ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтани бахши фанҳои ихтисосии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, пурра ҷорӣ намудани таҳсилоти фосилавӣ дар зинаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ;

- баланд намудани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, зиёд кардани музди меҳнат ва таъмини ҳифзи иҷтимоии тамоми кормандони соҳаи маориф ва илм;

- ба таври тестӣ ва электронӣ ба роҳ мондани аттестатсияи давлатии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ,  таъмини дастрасӣ ба шабакаи интернет дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ва ташкили китобхонаҳои электронӣ дар онҳо;

- ба низоми нави мониторинг ва арзёбии сифати таҳсилот гузаронидани тамоми зинаҳои таҳсилот, таҳияи индикаторҳои аккредитатсияи миллӣ ва байналмилалии муассисаҳои таълимӣ, аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ихтисосҳои онҳо;

- рушди робитаҳои байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар самти омода намудани мутахассисоне, ки дар ҷумҳурӣ ба таълим фаро гирифта намешаванд ва таҳқиқоти илмии барои кишвар афзалиятнок, васеъ намудани доираи созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байналмилалӣ оид ба эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилот ва унвону дараҷаҳои илмӣ;

- ҷиҳати баланд бардоштани худшиносии миллӣ, махсусан, насли наврасу ҷавонон, инчунин, баргардон ва нашр кардани мероси хатии халқи тоҷик, ки дар ҳавзаҳои гуногуни илмии Осиё ва Қафқоз маҳфуз мондаанд;

- фароҳам овардани замина барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, забонҳои русию англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот.

4.2. Дар самти илм:

- ҳамоҳанг сохтани фаъолияти академияҳои соҳавӣ ва донишгоҳҳо бо фаъолияти муассисаҳои Академияи илмҳо;

- ҳамоҳангсозии мавзӯъҳои фармоишии маблағгузории давлатӣ, татбиқи дастовардҳои илм дар истеҳсолот;

- дар назди марказҳои инноватсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил кардани биржаи моликияти зеҳнӣ ҷиҳати ҷалби корхона ва ташкилоти хусусию давлатии кишвар ва мамлакатҳои хориҷӣ барои татбиқи амалии ин моликият;

- тавсеаи ҳамкориҳо бо корхонаҳои саноатии кишвар, вазорату идораҳои соҳавӣ, мусоидат ба ҷорӣ кардани технологияҳои нави илмию инноватсионӣ дар истеҳсолот бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишварсаноатикунонии босуръат;

- таъсиси шабакаи ягонаи иттилоотию коммуникатсионӣ дар бахши илм ва инноватсия;

- ба роҳ мондани ихтироъкорӣ ва гирифтани патент ба ихтирооти дар истеҳсолот истифодашаванда;

- ҷалби ҷавонон ба корҳои илмию ихтироъкории инноватсионӣ ва мусоидат ба ҷудо намудани бурсияҳои давлатӣ ба ин бахш, инчунин, ҷалби олимон ба омӯзиши мушкилоти глобалии сайёра ва минтақа;

- ба роҳ мондани таҳқиқи захираҳои табиӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳо ва самтҳои асосии саноатикунонии босуръати кишвар дар асоси рушди маҷмааҳои агросаноатӣ;

- истифодаи манбаъҳои ғайрианъанавии энергия, аз лиҳози илмӣ дастгирӣ кардани рушди сарватҳои моддӣ ва боғҳои миллии кишвар.

 

5. БАХШИ ФАРҲАНГ ВА ИТТИЛООТ

Фарҳанг ва тамоюли ҷаҳонишавии он аз ҷумлаи мушкилоти глобалии асри ХХI мебошад, ки Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз раванди босуръати ҷаҳонишавӣ, бавижа падидаҳои мусбат ва зуҳуроти манфии он дар канор буда наметавонад.

Шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ тақозо менамояд, ки низоми нави рушди соҳаи фарҳанг ташаккул дода шавад. Хусусан, ба тавсеаи зеҳни инсонӣ, заковати фитрӣ, рушди маънавиёт, тарғиби зебоипарастӣ, омӯзонидани ҳунарҳои нафиса ва инкишофи суннатҳои устувори фарҳангии халқамон аҳамият додан аз рисолатҳои усулии ҲХДТ мебошад.

Иҷрои ин рисолати муҳимми миллӣ, ҳамчунин, дар зеҳни насли наврас ва ҷавонон тақвият бахшидани ифтихори миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ба раванди бунёдкориву созандагӣ даъват ва сафарбар намудани мардум аз вазифаҳои муҳимми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  мебошад.

5.1. Дар самти фарҳанг:

- такмили низоми таҳсилот дар донишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг, мусоидат ба такмили касбияти аҳли фарҳанг ва санъати касбӣ (оҳангсозон, мутрибон, овозхонон, коргардонҳо, дирижёрони оркестрҳои халқӣ ва классикӣ) дар дохил ва хориҷи кишвар;

 - баланд бардоштани мақоми фарҳанг дар ҷомеа, вобаста кардани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ба иҷрои вазифаҳои муҳими муайянкардаи давлат дар самти ташаккули шуури ҷомеа дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихор аз соҳибистиқлолии давлатӣ;

- ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳифзу рушди мероси моддӣ ва ғайримоддии кишвар, мусоидат ба рушди сайёҳии фарҳангӣ дар дохил ва хориҷи кишвар;

- дастгирии ҳамаҷонибаи ҳунарҳои бадеии халқӣ, таблиғи ҳунарҳои мардумӣ, санъати тасвирӣ, мусиқии миллӣ ва ҷаҳонӣ дар байни кӯдакон, наврасон ва ҷавонон;

- бо мақсади боло бурдани сатҳи фарҳангии ҷомеа бунёди бештари боғҳои истироҳатӣ, майдончаҳои варзишӣ, истироҳатгоҳҳо ва гулгаштҳо, махсусан, дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо.

- таъмини рушди фазои ягонаи фарҳангии мамлакат дар заминаи ҳифз, эҳё ва густариши анъанаю суннатҳои миллӣ, дастовардҳои фарҳанги миллии замони истиқлол ва арзишҳои умумибашарӣ, нигоҳ доштани гуногунии фарҳангию забонӣ;

- ба қадри кофӣ ва сатҳи зарурӣ дар адабиёти бадеӣ, филмҳои мустанад ва бадеӣ, аниматсия, барномаҳои илмӣ-маърифатӣ инъикос ёфтани мероси пурғановати миллӣ, ки дорои неруи бузурги тарбиявӣ ва унсурҳои арзишманди умумибашарӣ мебошанд;

- рушди низоми истеҳсоли маҳсулоти фарҳангӣ барои кӯдакон.

5.2. Оид ба ислоҳоти соҳаи васоити ахбори омма (ВАО) ва рақобатпазир намудани абзорҳои ватанӣ дар шароити ҷомеаи иттилоотӣ:

Васоити ахбори омма яке аз рукнҳои устувори ҷомеаи демократӣ буда, дар меҳвари фаъолияти он инъикоси воқеии ҳаёти соҳаҳои гуногун,  бунёди Тоҷикистони навин, баланд бардоштани имиҷи миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, роҳандозии ислоҳот дар ҷомеа,  ҳифз ва рушди фазои иттилоотӣ, амнияти иттилоотӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва анҷом додани баъзе вазифаҳои муҳим дар бахши таъмини дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти солим ва саҳеҳ бояд қарор гирад.

Имрӯз зарурат ба миён омадааст, ки барномаи махсуси давлатӣ барои ислоҳоти низоми ВАО-и чопӣ ва электронӣ, ҳамчунин, низоми омода намудани кадрҳои журналистӣ таҳия шаванд ва тадриҷан он ба низоми “фармоишҳои иҷтимоӣ” гузаронида шавад. Дар ин сурат, ВАО фаъолияти худро бо пешниҳоди лоиҳаи консептуалӣ ба роҳ мемонад ва барои қонеъ намудани талабот ва дархости хонанда, бинанда ва шунавандаи худ пайваста кӯшиш мекунад. Ҳизби мо чунин мешуморад, ки ислоҳоти мунтазами соҳа ба роҳ монда шавад, дар самти коҳиш додани шиддати таъсири шабакаҳои хориҷӣ ба афкори ҷамъиятии шаҳрвандон ва ҳифзи амнияти иттилоотӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

ҲХДТ дар ин самт иҷрои корҳои зеринро зарур мешуморад:

  • таъмин кардани шаҳрвандон ҷиҳати дастрасӣ ба иттилооти воқеӣ (объективӣ) ва гуногунҷанба ба василаи ВАО ва  иштироки фаъолонаи он дар инъикоси самтҳои гуногуни идоракунии давлат   ва ҳаёти ҷамъиятӣ. Ба ин далел, ки ВАО барои муколама миёни гурӯҳҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоӣ, ниҳодҳо, ҳокимият ва халқ, давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳим ва муассир дорад.
  • рушд ва таҷҳизонидани ниҳодҳои марбута бо технологияҳои муосири иттилоотӣ бо дарназардошти шиддат ёфтани ҷанги иттилоотӣ дар замони муосир, ба ҳайси аслиҳаи пуриқтидор истифода шудани иттилоот аз ҷониби кишварҳои абарқудрат, ки метавонанд ҳама гуна сарҳадотро убур кунанд;
  • роҳандозӣ намудани паҳн ва интишор додани иттилоот тавассути технологияҳои нави иттилоотиву иртиботӣ (комуникатсионӣ); 
  • зиёд намудани маблағгузории давлатӣ дар самти ҳифзи фазои иттилоотии кишвар, хусусан, шабакаи ҷаҳонии интернет;
  • ворид кардани таҷҳизоти муосир барои беҳтар кардани сатҳу сифати кор дар марказҳои иттилоотӣ, идораҳои нашрияҳо, аз ҷумла матбуот, радио ва телевизион;
  • омода намудани мутахассисони касбии соҳа ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар.

ҲХДТ дар марҳалаи солҳои 2020-2025 рақобатпазир намудани абзорҳои ватании ВАО дар шароити ҷомеаи иттилоотиро ниҳоят муҳим шуморида, дар навбати худ масъалаи имиҷсозии кишварро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон аз масъалаҳои калидии ҳадафҳои барномавии хеш медонад.

 

     6. БАХШИ ТАКМИЛИ ҚОНУНГУЗОРӢ, ТАҲКИМИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД ВА БОЛО БУРДАНИ ФАРҲАНГИ ҲУҚУҚИИ АҲОЛӢ

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф намуда, дар такмили низоми қонунгузории миллӣ бо назардошти манфиати ҳар як шаҳрванд, ҷомеа ва давлат, таҳкими рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, тақвияти мубориза бо таҳдиду зуҳуроти барои ҷомеаи мо хатарнок, аз қабили терроризм, экстремизм, коррупсия, инчунин, пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ, боло бурдани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ пайваста саъю талош хоҳад варзид.

Бо ин мақсад, ҳадафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар панҷ соли оянда амалӣ намудани масъалаҳои зерин мебошад:

- такмили қонунгузории кишвар ҷиҳати таҳкими истиқлоли давлатӣ, ваҳдату амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ ва ягонагии Тоҷикистон бо дарназардошти равандҳои мураккаби ҷаҳонишавӣ ва вазъияти ҷаҳони муосир;

- такмили қонунгузорӣ дар самти ҳокимияти судӣ, қабул кардан ва дар амал татбиқ намудани барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ. Дар ин замина, ҲХДТ мувофиқи мақсад мешуморад, ки механизми ғайрисудии ҳалли баҳсҳои байни шаҳрвандон такмил дода шавад;

- таҳкими қонунгузории соҳаи бонк ва фаъолияти бонкдорӣ бо мақсади таъмини инкишофи бонизоми системаи бонкӣ, такмили қонунгузории соҳаи фаъолияти бонкӣ, устувор намудани ҳолати молиявии бонкҳо, шаффоф ва сода намудани низоми қарздиҳӣ ва ҷорӣ намудани низоми ягонаи додани қарз;

- мусоидат ҷиҳати сода намудани низоми андозбандӣ, зиёд кардани чораҳои дахлдори ҳавасмандкунанда ҷиҳати пардохти ихтиёрии андоз, аз байн бурдани монеаҳои мавҷуда ва сода гардонидани низоми иҷозатдиҳӣ барои ба амал баровардани фаъолияти босамари соҳибкорӣ;

- таҳкими қонунгузории мубориза бо ҷиноятҳо дар соҳаи иттилоот ва ҷиноятҳои кибернетикӣ, рушди низоми таъмини бехатарии иттилоотӣ ва ҳифзи маълумот, муқовимат бо таҳдидҳои муосир дар соҳаи иттилоот;

- таҷдиди қонунгузории соҳаҳои гумрук, андоз ва сармоягузорӣ, имтиёзҳо ва кафолатҳои дахлдор нисбат ба субъектоне, ки дар асоси ворид кардани технологияҳои навтарин саноатикунонии иқтисодиёти миллиро рушд дода, барои шаҳрвандон ҷойҳои нави кориро бо музди меҳнати арзанда таъсис медиҳанд;

- тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҷиҳати таъмини онҳо бо шуғли арзанда, таъминоти иҷтимоӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, дастрасии иттилоотӣ, ҳуқуқӣ, баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ ва забондонии онҳо, таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ ва равобити самараноки ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти давлатӣ;

  • такмили қонунгузории соҳаи экологӣ, махсусан, дар самти ҳифзи муҳити зист, таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва фарҳанги экологии шаҳрвандон;
  • такмил додани қонунгузории кишоварзӣ бо мақсади таъмини бозори дохилӣ бо маводи озуқавории босифат, рушди саноати коркарди ашёи хом, ҳифз ва ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар;
  • тақвият додани заминаҳои ҳуқуқии пурра истифода бурдани имкониятҳои мавҷудаи энергетикӣ, аз ҷумла бо роҳи фароҳам овардани шароити мусоиди иқтисодӣ барои ҷалби сармоягузории дохилӣ дар самти сохтмони неругоҳҳои хурду миёна, истеҳсол, истифода ва фурӯши неруи барқ;
  • такмил додани механизми ҳуқуқии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла истифодаи дастовардҳои навини илму технология бо мақсади баррасии саривақтӣ ва одилонаи муроҷиатҳо;
  • мусоидат ба қабули консепсияи рушди қонунгузории шаҳрсозӣ бо дарназардошти рушди шаҳрҳо дар кишвар ва кафолати ҳуқуқи шаҳрвандон ба манзил.

Баланд бардоштани сатҳи фарҳанг ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, донишҳои ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, бо ин мақсад, ҲХДТ анҷом додани корҳои зеринро муҳим мешуморад:

  • таъмини ҳамаи мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо иттилооти ҳуқуқӣ;
  • таъмин намудани имконияти ба таври васеъ ва ройгон истифодабарии аҳолӣ аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳо ба онҳо;
  • таъсис додани сомонаи ягонаи миллӣ бо ҷойгир кардани тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти ҳатмидоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • ёрии ҳуқуқии ройгон бо пешниҳоди иттилооти ҳуқуқӣ ба аҳолӣ тавассути пешниҳоди шарҳдиҳии иттилооти ҳуқуқӣ дар идораҳои давлатӣ, ҳангоми машваратҳо дар маҳал ва тавассути алоқаи телефонӣ;
        • тарғибу ташвиқи қонунгузорӣ, рушди донишҳои ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ;
        • ҷорӣ намудани таълими мукаммали асосҳои ҳуқуқ, аз ҷумла соҳаи ҳуқуқи инсон дар низоми таҳсилот ва бо ин роҳ ташаккул додани фарҳанги умумибашарии ҳуқуқи инсонӣ.

      Барои баланд бардоштани сифати қонунгузорӣ, ҳадафрас ва самарабахш гардонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҲХДТ анҷом расонидани корҳои зеринро зарур мешуморад:

- ба низом даровардани қонунгузориҳои соҳавӣ бо мақсади истифодаи дуруст, осон ва самараноки онҳо аз ҷониби аҳолӣ;

- бо мақсади рушди муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақавии кишвар, хусусан, дар соҳаи муносибатҳои берунии иқтисодӣ ва ҳуқуқии байналмилалӣ ба ҳам мутобиқ гардонидани қонунгузории миллӣ бо байналмилалӣ;

- ҷалби васеи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳия, қабул ва амалишавии қонунгузорӣ;

- омода кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва қонунгузорӣ;

    • ҳавасмандсозии пажӯҳишҳои илмӣ, таклифу пешниҳодҳои судманд ва фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешқадам бо мақсади такмили қонунгузорӣ;
  • пешгирӣ ва бартараф намудани ихтилофот, номутобиқатӣ, нуқсонҳо ва такроршавӣ дар қонунҳо;
  • таъмини иштироки васеи интихобкунандагон дар раванди муҳокимаи санадҳои қонунгузорӣ;
  • мустаҳкам кардани алоқаҳои судманди илм ва амалияи ҳуқуқ ва бо ин мақсад вусъат додани ҳамкориҳо байни муассисаҳои илмӣ бо мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда ва ҳуқуқтатбиқкунанда;
  • мунтазам гузаронидани мониторинги амалишавии қонунҳо вобаста ба мутобиқати онҳо ба сатҳи воқеии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон.

 

7. БАХШИ СИЁСАТИ ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ

ҲХДТ ба ҷавонон ҳамчун неруи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ такя карда, онҳоро дар ташаккул ва амалисозии иқдомҳои созгор ва ташаббусҳои навовар дар самти рушди илму техника ва технологияҳои муосир ва ободиву пешрафти босуботи кишвар дастгирӣ менамояд.

Рушди варзиш яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти он, ки дар шароити кунунӣ варзиш ҳамчун василаи шоистаи муаррифгари миллату кишвар дар олам маҳсуб мешавад, ба рушди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда мешавад. ҲХДТ ҳамкориро бо мақомоти ваколатдори соҳа ва федератсияву ҷамъиятҳои варзишӣ тавсеа бахшида, барои ташаккули варзиши касбӣ ва камолоти варзишгарон дар ҳамаи навъҳои он мусоидат менамояд.

7.1. Дар самти сиёсати ҷавонон:

ҲХДТ дар доираи фаъолияти худ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва зисту зиндагонии ҷавонон, паст кардани сатҳи бекорӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб дар байни онҳо ва вайроншавии оилаҳои ҷавон тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда, бо ҷалби мустақими буҷети давлатӣ ва маблағгузориҳои ғайрибуҷетӣ барои ҷавонон шароити мусоид фароҳам меорад.

ҲХДТ талош меварзад, ки ба маълумотнокии ҷавонон эътибори махсус зоҳир карда, барои баланд бардоштани савияи дониши онҳо аз тамоми зинаҳои маълумот самаранок истифода намояд. Бахусус, аз тадбирҳое истифода бояд кард, ки дастрасии ҷавонон ба технологияҳои нави иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ осон сурат гирад ва имконпазир бошад.

Ҳизб фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавононро густариш дода,  баҳри дарёфти роҳҳои  муассир ва намунавии онҳо чораҷӯӣ  карда мешавад. Зеро дар шароити мустақилияти комили давлатӣ, бунёди ҷомеаи воқеан ҳам ҳуқуқбунёд ва равандҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ ин масъалаҳо мақоми афзалиятнокро ба худ касб менамоянд.

ҲХДТ “Сиёсати рӯй овардан ба ҷавонон” – ро, ки яке аз самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад, тавсеа бахшида, дар роҳи расидан ба ин ҳадаф барои ҳарчи беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон тадбирҳо меандешад. Дар ин раванд,  бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем, то онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони шоиста кору пайкори насли имрӯзаро идома бахшида, Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд.

Дар ин росто, ҲХДТ ҷавононеро, ки ба Ватан ва халқу миллат содиқона хизмат мекунанд, ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ намуда, ба сиёсати ҷавонон ҳамеша афзалият хоҳад дод.

Заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ташаккули фарҳанги сиёсӣ, маърифати хуқуқӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва густариши худшиносии миллии ҷавонон якҷо бо мақомоти ваколатдори соҳа - Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон тақвият дода мешаванд.

ҲХДТ минбаъд низ неруи зеҳниву ташкилотчигии ҷавононро дар корҳои созандаи илмиву эҷодӣ ва роҳбарӣ сафарбар карда, ҷиҳати ба роҳ мондани таблиғи ғояҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, таҳаммулпазирӣ, аз худ кардани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, таҳкими ваҳдат ва суботи ҷомеа талош хоҳад варзид.

Ташаббусҳои ҷавононро дар самти амалишавии самараноки сиёсати давлатии ҷавонон дастгирӣ намуда, минбаъд барои ташаккул додани фаъолгардонии ҷамъиятии ҷавонон шароит фароҳам хоҳад овард.

ҲХДТ ба муқаддасоти миллӣ, арзишҳои маънавӣ, забони модарӣ, таъриху фарҳанги қадима, дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ҳамеша арҷ гузошта, бо ҷалби неруи ҷавонон ҷиҳати бунёди ҷомеаи пешрафта ва мутамаддини шаҳрвандӣ, истифодаи имкониятҳо дар самти рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва татбиқи рукнҳои дигари демократӣ дар ин замина, бо усулҳои муосири таъсиррасонӣ корҳои таблиғотиро амалӣ мегардонад.

ҲХДТ мусоидати ҷавононро ҷиҳати ҳифзи Ватан, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои соҳаи маориф, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ ва нашъамандӣ, пешгирии ҳолатҳои ифротгароӣ, ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷавонон ҷонибдорӣ мекунад.

ҲХДТ кӯшиш менамояд, ки дар панҷ соли минбаъда ҷавононро ҳамчун неруи воқеии роҳбарикунанда муаррифӣ карда, саҳми назарраси онҳоро дар рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ таъмин намояд.

ҲХДТ дар бахши сиёсати ҷавонон татбиқи чораҳои зеринро муҳим мешуморад:

  • таъмини иҷтимоии ҷавонон ва ҳифзи баробари ҳуқуқу манфиатҳои онҳо;
  • мусоидат дар иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа;
  • фароҳам овардани заминаи илмию амалӣ ва идории сиёсати давлатии ҷавонон дар самти дастгирии ташаббусҳои созанда ва барномаҳои соҳибкории ҷавонон;
  • ҷалби сарчашмаҳои иловагӣ ҷиҳати таъмини бо шуғл фаро гирифтани ҷавонон ва ташаккули афкори тарзи ҳаёти солим;
  • мусоидати амалӣ дар мустақилияти иқтисодии ҷавонон.

7.2. Дар самти варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ:

ҲХДТ барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим, омода намудани варзишгарони касбӣ, аз ҷумла ҳама навъҳои варзишҳои олимпӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад ва ба ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад ва тавассути воситаҳои ахбори омма тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солимро васеъ ба роҳ мемонад. Бунёди иншоот ва майдончаҳои варзиш дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар ноҳияҳои дурдаст ба роҳ монда шуда, мавриди баҳрабардории шаҳрвандони ҷумҳурӣ қарор дода мешавад.

Бо мақсади рушду инкишофи варзиши зимистона дар мамлакат ва ҳамзамон бо ин, омода намудани ҷавонону наврасон ба ин навъи варзиш дар манотиқи кӯҳистони кишвар маркази варзиш бунёд гардида, барои иштироки ҷавонон дар мусобиқаҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла дар бозиҳои олимпии зимистона шароит муҳайё карда мешавад.

ҲХДТ варзишро ҳамчун яке аз омилҳои муассири тарбия ва муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ эътироф намуда, варзишгаронро, ки бо иштироки фаъолона соҳиби ҷоизаҳои олимпӣ ва байналмилалӣ мегарданд, дастгирӣ менамояд ва барои ҷалби сармояи иловагӣ бо мақсади бунёди толору майдончаҳои варзиш талош мекунад.

 

8. БАХШИ СИЁСАТИ ХОРИҶӢ

ҲХДТ Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар меҳвари он усули баробарӣ ва дӯстӣ бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон қарор дорад, ҷонибдорӣ мекунад. Дар ин замина, ҲХДТ талош мекунад, ки бо идома додани сиёсати пайгирона дар ин самт муносибатҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутобиқ ба меъёр ва тақозои тамоюлоти ҷаҳони муосир ба сатҳи сифатан нав бардорад.

Идома додани ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо кишварҳои дуру наздик ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ширкати муассир дар барномаҳои таъмини амнияти умумии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва шарикони стратегӣ ҷиҳати таъмини ҳадафҳои миллии Тоҷикистон бояд дар авлавияти сиёсати хориҷии кишвар қарор дошта бошад.

Самти дигари афзалиятноки сиёсати хориҷӣ бояд таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад. Хусусан, тамоюлҳои мусбат касб намудани сиёсати хориҷии кишварҳои ҳамсояи мо барои рушди бештари ҳамкориҳо шароити мусоид фароҳам овардааст, ки ин имкони мусоид бояд ҷиҳати рушди ҳадафмандонаи тавсеаи ҳамкориҳо истифода бурда шавад.

Барномаи рушди иқтисодии кишвар, беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии сокинон, иҷрои тарҳҳои бозсозӣ тақозо мекунад, ки рушди муносибатҳо бо созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои байналмилалии молиявӣ дар меҳвари сиёсати хориҷии мамлакат қарор дошта бошад. ҲХДТ рушди муносибатҳоро дар ин замина, барои иҷрои ду барномаи муҳимми бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон доиршаванда, аз ҷумла Конфронси СММ доир ба Шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028”, ки қарор аст 22-24 марти соли 2023 доир шавад ва иҷлосияи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати мусоидат ба татбиқи ҳадафу вазифаҳои марбут ба захираҳои обро дар моҳи марти соли 2021 бисёр муҳим меҳисобад.

Сиёсати «дарҳои кушода» аз дастовардҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дониста мешавад ва ҲХДТ аз идомаи сиёсати хориҷии мутавозин бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ истиқбол мекунад.

ҲХДТ марҳилаи нави пурмасъулияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ ва пешбарӣ менамояд. Дар марҳалаи кунунӣ кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули муносибатҳои дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад.

Дар ин маврид, барои тақвияти равандҳои созандаи ҳамгироии бештар бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарогир кӯшишҳои ҳамаҷониба анҷом хоҳанд гирифт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд талошҳои худро ҷиҳати муборизаи мақсаднок ва натиҷабахш бо хатару таҳдидҳои минтақавии муосир, зуҳуроти номатлуби ифротгароӣ ва терроризм бо шарикони стратегии худ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ идома диҳад.

ҲХДТ дар самти татбиқи сиёсати хориҷӣ иҷрои ҳадафҳои зеринро қобили қабул медонад:

  • пешбурди дипломатияи пешгирикунанда ҳамчун омили муҳими устуворгардонии мубориза бо густариши ҷараёнҳои террористӣ ва экстремистӣ;
  • ривоҷи муколамаҳо бо мақсади таъмини амният ва устуворӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо такя ба инкишофи механизмҳои ИДМ, СҲШ ва САҲА. Густариши ҳамкориҳои дастаҷамъӣ бар зидди таҳдиду хатарҳои глобалии муосир дар минтақа;
  • таҳкими механизмҳои ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд тавассути истифодаи таҷрибаи пешқадами раванди Ҳамкориҳои глобалӣ оид ба ҳамкории самарабахш барои рушд (ҲГҲСБР);
  • иқдому кӯшишҳо дар ҳалли масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, аз ҷумла бо такя ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҷалби созмонҳои байналмилалӣ дар амалисозии лоиҳаҳои мушаххаси бисёртарафа дар пешгирии талафот аз тағйирёбии иқлим, омӯзиши пиряхҳо, таъмини фаъолиятҳои дастаҷамъӣ дар доираи Даҳсолаи байналмиллалӣ “Об барои рушди устувор”, бартараф намудани бӯҳрони ҳавзаи Арал;
  • устуворгардонии низому воситаҳои пешбурди дипломатияи иқтисодӣ ҳамчун омили ривоҷи алоқаҳои тиҷоратию иқтисодӣ фароҳам овардани шароити муфид барои афзоиши савдои хориҷӣ ва устуворгардонии кооператсияи истеҳсолӣ, ҷалби сармоя.

 

ХУЛОСА

ҲХДТ барномаи амали мазкурро, ки метавонад рушди устувори кишварро дар марҳалаи солҳои 2020-2025 таъмин карда, тамоми заминаҳои воқеиро барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум муҳайё месозад, пешниҳод менамояд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он,  фароҳам овардани саодати халқ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва ҳамватанон дар тӯли чаҳоряк аср талош дорад. Тоҷикистонро ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, дар асоси консепсияи сиёсати хориҷии давлат усули баробарӣ, дӯстӣ, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи иқтисодиро бо ҳама кишварҳои ҷаҳон ба роҳ мондааст ва минбаъд низ ин сиёсатро дастгирӣ ва идома медиҳад. Тоҷикистон дар риояти ҳамаи уҳдадориҳои байналмилалӣ кӯшиш дорад ва дар навбати худ аз ҷомеаи байналмилалӣ умедвор аст, ки барои амнияти сайёра талош хоҳанд варзид.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ва таҳти сарварии хирадмандонаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ин ҳадафҳои барномавӣ ноил гардида, кишвар ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба сӯи арзишмандтарин хостаҳои миллӣ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!», аз ҷумла рушду таҳаввули иқтисодиёт, татбиқи чор ҳадафи тақдирсози стратегии давлат – истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонӣ, ки ниҳояти он  расидан ба  зиндагии шоиста мебошад, раҳнамоӣ мекунад.

Мо аз шаҳрвандони кишвар, аъзои ҲХДТ ва онҳоеро, ки ҳар пораи хоки ин Ватан барояшон азизу муқаддас аст, даъват менамоем ҳамроҳи мо бошанд, афкори сиёсии ҳизби моро дастгирӣ намоянд ва муҳимтар аз ҳама, барои бунёди давлати демократӣ, муқтадир, тавоно ва шукуфони Тоҷикистони маҳбуб ҳиссагузор бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg