БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷойи ҷинояткорон маҳбас аст!

ВОКУНИШ. Ҳамаи ин навгониҳо, пешравиҳои Тоҷикистон наҳзатиҳоро заифтару нотавон менамояд, зеро онҳо бадхоҳону душмани миллатамон мебошанд ва рушду тараққии кишварамон чун хор ба тани онҳо халида, нооромашон месозанд.

Террористони наҳзатӣ бо роҳбарии М. Кабирӣ бо ҳар роҳу восита тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дурӯғгуиву туҳмат намуда, хабару овозаҳои беасосро паҳн мекунанд. Кабирӣ имрӯз ҳамчун як роҳбари террористон, ҳамчун як террористи маддоҳу дастнигари хоҷагони хориҷӣ шинохта шуда аст ва ҳатто аз боварии ҳаммаслаконаш низ баромадааст. Ин аст, ки аксарияти аъзоҳои террористиаш монанди Додоҷони Атовулло, Айёмиддин Сатторов, Гуруҳи 24 ва дигарон аз вай рӯ тофта, хатои худро сари вақт фаҳмидаанд.

Ҳамоиши навбатии наҳзатиҳо дар назди Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин бо талаби “Озодӣ ба маҳбусони сиёсӣ” бо шиору овеза ва аксҳои баъзе аз маҳбусони сиёсӣ баргузор гардид. Дар гирдиҳамоии мазкур на бештар аз 30 наҳзатиҳо бо хешу ақрабоҳояшон ва кӯдакону роҳгузарони кироӣ иштирок намуда, талабҳои беасос намуданд, ки натиҷае нахоҳад дод. Талабу хоҳиши онҳо ин буд, ки Маҳмадалии Ҳаит - муовини роҳбари ТТЭ ҲНИ, Зайд Саид – муассиси ҳизби Тоҷикистони нав, Б. Ёров вакили дифоъ ва дигар маҳбусони сиёсӣ фавран озод карда шаванд.

Наҳзатиҳо имрӯз ҳуқуқи зиндониёни сиёсиро ҳимоя мекунанд, онҳоро бегуноҳ ном бурда, зиндониёни сиёсиро, ки наҳзатианд ва барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин маҳбасӣ гаштаанд, шарм надошта тарафдорӣ мекунанд. Даъвову талабҳои наҳзатиҳо нисбати маҳбусони сиёсӣ даъвоҳои пучу холӣ ва беасосанд, зеро ҳар кадом маҳбусоне, ки онҳо ном мебаранд, ҳақиқатан ҷинояткоранд ва мувофиқи гуноҳашон ҷазо гирифта истодаанд. Зиндониёне, ки наҳзатиҳо озодии онҳоро талаб доранд, дар табадуллоти давлатӣ бо гуноҳҳои террористиву ифротгароӣ, ҷиноятҳои хусусияти иҷтисодӣ дошта фассод ва коррупсия паси панҷара нишастаанд.

Пас чӣ тавр ин ашхоси ҷиноятпеша, террорист ва ватанфуруши ТТЭ ҲНИ аз маҳбас озод шаванд?!

Наҳзатиҳо! Ҳамаи даъвову иддаоҳои шумо бепояву беасосанд, ҳақ бар ҷониби қонун аст. Ҳамаи шумо дар кишварҳои Аврупо бо ҳарзагӯиҳову дурӯғпардозиҳоятон аз хоҷагони хориҷӣ маблағ рӯёнда мисли чуғз рӯз бурда истодаед. Ҳоли шумо бомжҳоеро мемонад, ки бе хонаву даранд, гуруснаву бекасу кӯянд.

Имрӯз шумо бомжҳои аврупоӣ шудаеду ҳар каси дилсӯз мисли хоҷагонатон барои он, ки шумо нафавтед, хайр намуда, як бурда нон медиҳанд, вале аз бомж чизе талаб намекунанд, аз шумо хоҷагонатон бисёр чизҳоро интизоранд, ки худатон нағз медонед.

Наҳзатиҳо, фаромӯш, накунед, ки маҳбусони сиёсӣ, ҳаммаслаконатон шабеҳи шумоянд, бо гуноҳҳои бузург ва ношустанӣ паси панҷараанд ва даъвоҳои бепоя, дурӯғу буҳтон, шиорпардозиҳо ва билохира орзуҳоятон панҷараи зиндонро намешикананд!

М. Сатторова - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg