БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бо ҲХДТ ба сӯи зиндагии осудаю обод ва шоиста

ҲАМАДОНӢ. Вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо омӯзгорону кормандони хоҷагидории муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода оид ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  ҷамъомадагон суҳбат намуд.

Дар рафти суҳбат қайд карда шуд, ки риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҳамагон шартва зарур аст.

Сатҳи маънавиёти ҷомеа муайянкунандаи сатҳи тамоми ҷанбаҳои ҳаёти он мебошад. Ҳар қадар маънавиёти ҷомеа солим бошад ҳамон андоза давлат ба пешравиву муваффақиятҳо ноил мегардад. Ба дарки ин маънӣ ҳар як давлату ҳукумат нахуст ба солимгардонии маънавиёти халқи худ кӯшиш мекунадва дар айни замон гурӯҳҳои манфиатҷӯву тахрибкор баръакс ба ифротисозиву заҳролудшавии маънавиёти мардум тамоми кӯшиҳои худро равона месозанд.

Зимни вохӯрӣ 30 нафар кормандони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба сафи ҲХДТ пазируфта шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg