БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаровонии даструхони сокинони кишвар аз ҳадаф асосии ҲХДТ мебошад

ВОСЕЪ. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раёсати кишоварзӣ” хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Гулрухсор Мирзоева оид ба ҷамъоварии ҳосил ва захираи он барои зимистонгузаронии солҳои 2018-2019, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошад,  суханронӣ намуд.

  • баромади худ раиси Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ Сафарова Ӽафиза қайд намуд, ки дар соли 2018 ҳосил дар саҳро фаровон буда, барои беталафот ҷамъоварӣ намудани он тамоми имкониятҳоро самаранок истифода бояд бурд. Барои захира намудан дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, дар баробари захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин барои хӯроки чорво низ захира бояд кард.

Барои сари вақт ба анҷом расонидани шудгор ва кишти тирамоҳӣ дар ҷумҳурӣ Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби мутахассисону олимони соҳа дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ситоди корӣ таъсис дода шуда, кор дар ин самт бо маром идома дорад.

Сардори Раёати кишоварзии ноҳия Фақеров Рустам иброз намуд, ки самаранок истифода бурдани заминҳои корам ва дуруст риоя намудани агротехникаи парвариши зироатҳои кишоварзӣ боис гаштааст, ки имрӯзҳо ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ баланд гардида, маҳсулоти он фаровон гардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg