ВАХШ. Бахшида ба ҷамъбасти чорабиниҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ва маҳфили адибону ҳунармандони Фархору Вахш дар ноҳияи Вахш чорабинии телевизионии «Сайри Вахш» баргузор гардид.
Пеш аз оғози чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буд, ки аз ҷониби иштирокчиён баҳои баланд дода шуд. Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов иштирок ва суханронӣ намуд.
Баъдан шоирон, санъаткорон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо шеъру суруд, таронаҳои дилнишин ва рақсҳои ҷолиб, хотири ҳамагонро шод намуданд.
Дар охир шоирону санъткорони маҳфили мазкур аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш сарфароз гардонида шуданд.