ВОКУНИШ. Чанд нафар асолатбохта зану кӯдаконашонро пешандоз карда дар кӯчаҳои Олмон ҷор заданду ҷор заданд ва диданд, ки садояшон ба гӯши касе аз кормандони воломақом дар Аврупо нарасид, рисолати худро иҷроношуда ҳисобида, ба шиорҳои фитнаангезу тавтеаандоз роҳ пеш гирифтанд сӯи Бундестаг. Ба умеде, ки сафсатаҳояшонро кадом гумроҳе бовар мекунад.
Вале ин тазоҳурот чун аз ибтидо пояи воқеӣ надошт, ҳамин гуна фаромӯш шуд. Мисле, ки бо вазидани боди хазон ҳама титу парешон шуданд.
Гурӯҳи асолатбохта фикр мекунад, ки бо фитна сари роҳи ҳамкории мутақобилаи сатҳи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо мегарданд. Вале кор табъи дили онҳо нашуду нахоҳад шуд. Зеро як гурӯҳҳаки кӯчак наметавонад миллат бошад. 9 миллион аҳолӣ куҷою 3-4 нафар тирмизаки фурӯхташуда куҷо!
Дини мубини исломро ниқоб карданду пушти он корҳои муғризонаро идома додан, шояд дар Олмон ҳамон гунае, ки ин вазъ Фаронсаро такон дод пайёмадҳои нохуб дошта бошад! Инро вақт ҳатман нишон хоҳад дод. Ин тоифаи роҳгумзадаю асолатбохта ба тамоми корҳои зишт қодиранд.
Ба ҳар сурат «тазоҳурот»-и бепояи хоинони миллат ҳамон гунае, ки оғоз ёфт, бо хандахарриш номуваффақ анҷом ёфт.
А. Неъматов – узви ҲХДТ, ноҳияи Ш.Шоҳин