БАЛҶУВОН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Хироб”-и ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳияи Балҷувон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин дар назди иштирокдорон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ , бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст кардани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ташаббусҳои неку ояндадори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли
Сокинону аъзои ҲХДТ дар ноҳия бо як рӯҳияи соли соҳибистиқлолии кишвар ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаҳои хешро баён карда, сокинонро барои дастгирии ҳамаҷонибаи ғамхориҳои Пешвои миллат ва рушду тараққиёти Ватан раҳнамоӣ карданд.
Дар ҷараёни корҳои созандагиву ободонӣ сокинон бо руҳияи баланди ватандорӣ ба кабудизоркуниву дархтшинонӣ ва нармкунии замин саҳми арзандаи худро гузоштанд.