БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Рушду пешрафти Ватан ҳадафи асосии мо ҳизбиён аст

А.ҶОМӢ. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  дар  ташкилоти ибтидоии «Ҷомӣ»-и шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки Самадзода Саёҳат-мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  ва Х.Мирзоев мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур аъзо ва фаъолони ташкилоти ибтидоӣ  иштирок намуда, дар он самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва таълиму тарбияи фарзандон дар муассисаҳои таълимӣ, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ташкилоту ҷараёнҳои террористиву экстремистӣ, тарғиби урфу анъанаҳои неки ниёгон, расидан ба қадри ғамхориҳои пайвастаи Пешвои  миллат дар оромии кишвар, рушду пешрафти Ватан, Ваҳдати миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ андешаронӣ намуда, сокинонро ба сарфаю сариштакорӣ, рушди корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки аз суханрониҳои Роҳбари давлат ҳангоми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бармеоянд, даъват карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg