БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор пешвоз мегирем

ҲАМАДОНӢ. Вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Давлатҷон  Ғаффорзода бо раисони кумитаҳои маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Москва оид ба баргузории хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои нимсолаи якуми соли 2019 баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро ба номгўи корҳое, ки ҷиҳати иҷрои қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи ҷадвали баргузории  чорабиниҳои сатҳи маҳал дар давоми нимсолаи якуми соли 2019 бо ҷалби оммаи васеъи сокинон анҷом дода мешавад,  шинос кард.

Раисониташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар навбати худ иброз намуданд, ки ҳамаи ин чорабиниҳо ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва ваъда доданд, ки дар иҷрои ин корҳои созандагию бунёдкорӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg