БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иттиҳоди мо рамзи пирӯзии миллат аст

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқотҳо  дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия  дар маҳаллаи №1-и  ҷамоати шаҳраки Совети ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо сокинони маҳаллаи номбурда  баргузор карда шуд.

Дар рафти вохӯрӣ   самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар масъалаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.     

Пас аз баррасии масъалаҳои мубрами рӯз   дар маҳаллаи номбурда ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, бо пешниҳоди раиси Кумитаи иҷроияи ЊХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабов Маҳмадсаид сокини маҳалла Асоев Насим раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg