АНДЕША. Тоҷик аз қадимулайём мардуми бофарҳанг буд ва дар таърихи тамаддуни хеш дар арсаи давлатҳои ҷаҳон шинохта мешавад. Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки миллати тоҷик давлатдории худро дар асрҳои 10-12-и пеш аз мелод оғоз намудааст.
Дар тӯлли таърихи кӯҳан миллати тоҷик борҳо дар зери тобеъияти қабилаҳои бодиянишини муғулҳо ва давлатҳои дигари осиёи миёна монда буданд, ин раванд то давраҳои ба даст овардани истиқлолият давом карда буд, ки ин раванд дар таърихи миллати тоҷик ҳазорсолаҳоро дар бар мегирифт.
Ногуфта намонад, ки мо мардуми тоҷик баъд аз пош хӯрдани иттиҳоди шуравӣ дар Ҷумҳурии мо ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро пайдо шуд, ки онҳо аз фурсати парокандагии миллат истифода бурда мехостанд давлату миллати моро аз байн баранд.
Аммо дар ҳамон давраҳо яке аз фарзандони фарзонаи миллати тоҷик Эмомалии Раҳмон ба вазифаи раиси шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таин карда шуд, ки ин марди оқил дар ҳамон давраҳои ҷанги бародаркуши, ки давлатамон дар айёми парокандагӣ қарор дошт ҷони худро дареғ надошта бар сари мардуми тоҷик сулҳу ваҳдат Истиқлолиятро ба мардуми тоҷик оварда расонид ва бо тариқи райпурси умумихалқӣ президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Бо шарофати соҳибихтиёри давлати азизамон Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гумбасти камуникатсионӣ баромада дар байни давлатҳои ҷаҳони яке аз давлатҳои тарақикардаи дунё шинохта мешавад.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз мо шаҳрвандони дар фазои сулҳу субот дар арафаи ҷашни 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатамон қарор дорем.
Дар баробари ин қайд кардан ба маврид аст, ки ҷомеаи ҷаҳониро гурӯҳҳои терорристӣ ва экстремистӣ ифротгароӣ ба ташвиш овардааст.
Терорризм аз ҷумлаи ҳодисаҳое мебошанд, ки барои амнияти милли ва давлатдори ҳар як мамлакат ва ба тамоми ҷавонони ҷомеа хатар эҷод мекунад. Айни замон гуруҳҳои терорристӣ бо ном « давлати Исломӣ » ҷавононро бо ҳар гуна роҳу усулҳо ба доми худ мекашад.
Рӯҳониён ва исломшиносон борҳо таъкид намуданд, ки амалкардагони ин гурӯҳҳои ифротгароӣ ва дигар гурӯҳҳои терорристиву экстремистӣ, ки бо номи «Ҷиҳод» анҷом дода мешавад ба ислом асло робитае надорад.
Аммо онҳо дар натиҷаи амалётҳои нопоки худ онҳо хуни ҳазорон шаҳрвандони бегуноҳро рехта ҳазорон нафарон кудаконро бесарпаноҳ намуда онҳоро ба ҳалокат мерасонанд.
Аз ин лиҳоз мо чун шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар фазои тинҷу осудаи кишвари азизамон зиндагони дорем, аз як гиребон сар бароварда ҳама як ҷону тан баҳри ҳимояи марзу буми ватани азизамонро пос дорем, чун ки фазои кишварамон заҳролуд нагардад.
Ҳамчун фарзанди бо нангу номуси Ватан ҷавононро дар рӯҳияи ватандустӣ худшиносӣ ва худогоҳи миллӣ тарбия намуда ватани азизамонро ободу зебо гардонем.
Мо ҳамеша ҷавонон бо суханони Пешвои миллатамон пайравӣ намуда, терорризм ва экстремизмро шадидан маҳкум намуда инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ намоем.
Х.М. Қурбонов – узви ҲХДТ, ноҳияи Кӯшониён