БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиён ба ташхиси равонӣ ниёз доранд

ВОКУНИШ. Баъди «ҳамоиш»-и номуваффақи Олмон аъзои ба ном Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, ки ҳамагӣ яанд аъзои девонаавзои гурӯҳи террористии наҳзат ҳастанд, ҳамчун афроди дорои бемории рӯҳӣ даст ба дасисаи нав заданд. Чун диданд, ки тирашон хок хӯрд тавтеаи навро дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ намуданд. Аниқтараш ҷангу «сатру ҳиҷоб»-ро ҳамчун қавоини динию мазҳабӣ истифода карда, бо доираи ҳаммаслаконашон барои рекламаи сатру ҳиҷоб «мубориза»-и навбатиро оғоз намуданд. Хандаовар он аст, ки баъзе аз афроди «саршинос», ба монанди Файзиниссо Воҳидова, ки шояд дар умраш аз рӯймолу поҷома истифода накарда бошад, бо дастгирӣ аз ин «муборизин» дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз «танг шудани доираи сатру ҳиҷоб» дар ҷомеаи Тоҷикистон шиква карда, онро «мероси миллӣ» унвон намудааст.

Аввалан, ин ки мусулмонии инсон дар дил аст на дар сатру ҳиҷоб. Баъдан, аз гузашта то ба имрӯз, аниқтар аз давраи ташаккули миллат дар ростои таърих модари тоҷик сатру ҳиҷоби худро дошт. Бале, на он «сатру ҳиҷоб»-и туркию арабӣ, балки либоси зебои тоҷикӣ, ки имрӯз дар ҳар маҳаллаю деҳаи наздику дури Тоҷикистон зан-модари тоҷик аз он истифода мекунаду либоси миллии тоҷикӣ ҳазор маротиба аз «сатру ҳиҷоб»-и ин «равшанфикрон» болост.

Сониян, дар даврони гуногуни таърихи ташаккули миллати тоҷик аз даврони пайдоиши дини мубини ислом бо вуҷуди таҳқиру фишорҳо зан-модари тоҷик урфу одат, анъанот ва фарҳанги либоспӯшии худро дигар накардаасту минбаъд низ намекунад. Афроди ба ном дингаро,ки дар пасманзари ин тарғибот бозиҳои бадхоҳи сиёсӣ доранд, мехоҳанд аввал либос, баъд фарҳанг ва ахиран миллатро ба сӯи нестӣ раҳнамун созанд, ки ин мавқегирӣ умуман қобили қабул нест.

Мардуми Туркманистон чун мо мусалмонанд, вале дар ҳама ҷашну маъракаҳо бо либосҳои миллии худ меболанду ифтихор доранд. Халқи Тоҷикистон низ либоси миллии худро дорад, ки ба аркоми шариату талаботи мазҳаби ҳанафӣ мутобиқ аст.

Ин бадбахтон мехоҳанд дар сояи дини мубини ислом чун давлатҳои Ховари Миёна аввалан фарҳанг, забон, баъдан миллату давлатро аз байн бубаранд, ки мо ба ақидаи онҳо созгор нестем.

Оғози ҷанги «сатру ҳиҷоб» ин давоми сиёсати хатои наҳзатист, ки мехоҳанд дар ҷомеаи мадании Тоҷикистон ба ҳар роҳу восита тафриқа андозанд. Зеро рисолати азалӣ ва дарси омӯхтаи ин афрод фақат ҷанг андохтану давлат рондан аст, ки имрӯз аз ин феъли бади онҳо ҳар як хурду бузурги кишвар огоҳанд.

Хуб мебуд, ки аъзо ва тарафдорони «кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон» дар Аврупо ё ба таври ихтиёрӣ ё маҷбурӣ ба ташхиси тиббӣ фаро гирифта мешуданд. Зеро бар ҳар масъала дар доираи ақидаи пӯчу бемаънӣ часпидан ва даъвати он, ки ҷинояткорон аз маҳбас озод карда шаванд, аз бемори рӯҳӣ будани онҳо дарак медиҳад.

 Толибҷон Назарзода-раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg