БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём роҳнамои ҳизбиён аст!

АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ ДАР САМТИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ҲХДТ. Паём ифодакунандаи умеду ормонҳои мардуми тоҷик ба шумор рафта, ҳамасола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад.

Сарвари давлат зимни ироаи Паём натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакатро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, дурнамои фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои оянда муайян месозад. Ҳамасола мардуми тоҷик баргузор гардидани Паёми Сарвари муаззами миллатро бесаброна интизорӣ мекашанд, зеро баъди ҳар як  Паёми Роҳбари давлат дар ҳаёти мардум дигаргуниҳои чашмрас ба амал меояд. Яъне, аз Паём то Паём зиндагии мардум ранги дигар мегирад ва умед ба фардои босаодати миллат афзунтар мегардад.

Паёми дар соли 2017 ироанамудаи Сарвари давлат чун Паёмҳои қаблӣ аз сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чораҷӯиҳои ҳукумати ҷумҳурӣ барои таъмини амнияти мардуми Тоҷикистон ва минтақа шурӯъ гардид ва боиси сарфарозист, ки аз Паёмҳои дигар ҳам аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва ҳам дар самти иқтисодию фарҳангӣ ба кулли фарқкунанда буд. Ин Паём низ пур аз навгониҳо ва пешниҳодоти муҳим, аз ҷумла ба кор даромадани неругоҳи барқи обии «Роѓун» зиёд гардидани музди маоши соҳаи буҷет ва дигар хизматчиёни давлатӣ, нафақаи шаҳрвандон ва стипендияи донишҷӯён, беҳтар шудани фаъолияти бонкҳо буда, аз масъалаеанд, ки бешубҳа дар пешрафти зиндагии мардум нақши муҳим доранд. Инчунин Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ва аз пардохти андозҳои давлатӣ озод намудани косибону ҳунармандони мардумӣ тадбире буд, ки барои инкишофи соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон ҳамчун мамлакати амнтарин ва дорои мавзеъҳои хуби сайёҳӣ қадамҳои устувор гузошта шуд. Аз ҷониби дигар ин иқдом дар мустаҳкам гардидани дӯстии байни халқҳову давлатҳо, бо шуѓл фаро гирифтани мардум, пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ ва баланд гардидани сатҳи иқтисодиёти аҳолӣ нақши муҳим гузошт.

Мавриди зикр аст, ки мо кормандони масъули ҲХДТ ва аъзои ҳизб аз дастуру супоришҳои Роҳбари давлат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, барои амалӣ намудани бандҳои Паём ва шарҳу эзоҳи он дар байни мардум саъю талош меварзем. Зимнан, барои мо ҳизбиёни вилояти Хатлон соли 2018 соли хотирмон арзёбӣ мегардад, зеро имсол бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон «Соли тақвияти робита бо маҳал» эълон гардид, ки дар самти сафарбар намудани аҳолӣ баҳри татбиқи амалии бандҳои алоҳидаи Паём нақши муҳим гузошт.

КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар давоми соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳр беш аз 400 адад суҳбату вохӯриҳо доир намуда, дар пайи баргузории онҳо мафҳуму муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии кишвар ба саҳми ҳар сокини шаҳр расонидем. Эълон гаштани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз як тараф барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ созгор бошад, аз тарафи дигар барои муаррифӣ гаштани косибону ҳунармандони шаҳр ва мавқеи устувор пайдо кардани онҳо дар ҷамеа нақши бузург бозид.

Кормандони масъули КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо иштироки васеи сокинон дар тамоми деҳаҳо ва нуқтаҳои аҳолинишини шаҳр мулоқотҳои судманд доир намуданд. Зимни вохӯриҳо дар ҳар деҳаву маҳал ва кӯчаҳо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд ва бо интихоби худи сокинони маҳал раисони ташкилотҳои ибтидоӣ таъин гаштанд. Минбаъд бо дастгирии ин ташкилотҳо дар ҳамаи деҳаҳои ҳудуди ҷамоатҳои деҳот ва кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ доир гардиданд. Дар чорабиниҳои мазкур аҳолӣ, махсусан занону духтарон бо баргузор кардани намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ маҳсули эҷоди худ аз қабили чакандӯзию қӯроқдӯзӣ, зардӯзию бофандагӣ, сабадбофию заргарӣ, хӯрокҳои мухталифи миллӣ ва маҳсулоти гуногуни кишоварзиро ба маъраз гузошта,  бо ин миннатдории хешро аз дастгириҳои ҳукумати мамлакат ва тарафдории худро аз чунин иқдоми созандаи Роҳбари давлат изҳор медоштанд.

Инчунин соли сипаришаванда барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем» татбиқ гардид, ки бо қувваи ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар боѓҳои истироҳатӣ, кӯчаву маҳал ва гулгаштҳо корҳои ободонию созандагӣ ба роҳ монда шуданд.  

Мо аъзоёну ҷонибдорони ҳизб Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллатро, ки фардо ироа мегардад, бесаброна интизорӣ мекашем ва дар пайи амалӣ намудани дастуру супоришҳои созандаи Роҳбари давлат мебошем. Зеро Паём барои мо умеди тоза ба фардои дурахшони ватану миллат ва роҳнамои зиндагии  мо ҳизбиён мебошад.

С. Ватанзода - раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg