БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбиёни ноҳияи Ҳамадонӣ аз Паём то Паём ба дастовардҳои назаррас ноил шуданд

АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ ДАР САМТИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ҲХДТ. Пайёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон, ки санаи 22.12.2017 ба Маҷлиси олии кишвар ироа гардид, тамоми ҷамбаҳои муҳими ҳаёти сиёсиву иқтисоди ва ҷамъиятии мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар бар гирифта, дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи ватансози раҳнамуд месозад. Ин Пайём аз устуворона пешрафт кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратеги дарак дода, ҳамзамон зимни баррасии вазъи амниятӣ ва сиёсати хориҷии кишвар таҳкидҳои судманде баён карда шуданд. Яке аз масъалаҳои асосии дар Пайём баррасигардида ин раванди рушд, ҳолати кунунӣ ва роҳои ташаккули иқтисоди миллӣ буд. Дар ин самт Пешвои миллат чунин иброз доштанд, ки «Мо бояд минбаъд низ доир ба манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи оқилонаи имконяту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсоли ватани ва татбиқи технологияҳои инноватсиони кушиш намоем».

Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи «иқтисодиёти сабз» маҳсуб меёбад ва аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98% барқ таввасути неругоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мешавад. Ба кор даромадани чархаи аввали НБО-и Роғун 16-уми ноябри 2018 Тоҷикистон ба яке аз ҳадафҳои олии худ истиқлолияти энергетики наздик шуд. Ба ин муносибат Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия 22-юми ноябри соли 2018 конференсияи вилоятии «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи ғояҳои миллӣ» (дар мисоли сохтмони НБО-и Роғун) гузаронид, ки дар он аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон раисони Кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок намуданд. Инчунин бо иштироки зиёда аз 2500 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба муносибати ба кор даромадани чархаи аввали НБО-и Роғун роҳпаймоӣ аз назди майдони Исмоили Сомонӣ то боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия баргузор гардид.

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади тарақи додани сайёҳӣ, маррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохторҳои сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад гуфт дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати соли 2018 эълон гардидани соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия қариб дар ҳамаи деҳаю маҳаллаҳо чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ бо иштироки сокинон ва ҳунармандону чирадастони халқӣ гузаронида шуд. То эълон шудани соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия 54 ҳунарманди халқӣ ба қайд гирифта шуда буд. Дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳунарҳои мардумӣ рашд карда, шумораи ҳунармандони халқӣ ба 104 нафар расид.

Ғояи асосии ҲХДТ, ки дар давраи ҷангу ҷидол ҳамчун як қувваи сиёсии муътадил ба вуҷуд омада буд, пеш аз ҳама Ваҳдати мллӣ буд. Дар ин замина мо масъулони ҳизбӣ бояд дарк намоем, ки роҳбарияти давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон аз мо дар роҳи ватансозӣ умедҳои калон доранд.

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба муносибати 24-солагии ташкилёбии ҲХДТ конференсияи ноҳиявӣ дар мавзӯи «Нақши ҲХДТ дар пойдории Ваҳдати миллӣ»-ро 10 декабри соли равон бо иштироки аъзоёни Кумитаи иҷроия, вакилон, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» гузаронид.

Мо бояд ба ҳайси қишри ташаббускори ҷомеъа пайваста кӯшиш намоем, ки арзишу ҷаҳонбинӣ ва Ваҳдати миллиро дар байни мардум таблиғ намоем ва равандҳои сиёсиро ҳамеша таҳти назорат қарор диҳем.

Дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳони муосир хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки барои ҳимояи марзу буми давлати соҳибистиқлоламон, ҳифзи суботи сиёсӣ ва қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ доимо омода бошанд. Мо ба фарзандони ҷасуру далери халқамон – ҳомиёни Ватани маҳбубамон эътимоди комил дорем ва ба онҳо ифтихор мекунем.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар самти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ба сафи артиши миллӣ ҷалб гардидани онҳо роҳпаймоӣ аз назди майдони Исмоили Сомонӣ то қисми ҳарбии 3107 Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳия буда бо иштироки зиёда аз 500 нафар ҷавонон ва фаъолони “Созандагони Ватан” ташкил кард. Ҷавонон ба бурду боши аскарону афсарони ин қисми ҳарбӣ аз наздик шинос шуданд. Ҳунармандони фалармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимови ноҳия ба толори ин қисми ҳарбӣ консерт ба хотири хушу хурсанд гардонидани аскарону афсарон пешкаш карданд.

Ҳамчунин дар рӯзи даъвати наваскарон 3 октябри соли равон дар майдони Исмоили Сомонӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия гузаронида шуд.

Мо бояд ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Варзиш қосиди сулҳ воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ин росто ба ташвиқу тарғиби ҳаёти солим аҳамияти ҷидди дода, барои дар деҳаю маҳаллаҳо бунёд кардани майдончаҳои варзишӣ корҳои муайянеро ба сомон расониданд.

Раиси Кумитаи маҳаллаи деҳаи Сайроби Ҷамоати деҳоти Панҷоб Шарифов Раҳмоналӣ дар доираи аксияи ҳизбӣ «Якҷоя ҳал мекунем»-ро бо дастгирии шахсони саховатпешаи ин деҳа дар назди муассисаи таълимии №23 майдончаи хуби варзиширо сохта ба истифода доданд. Боиси қаноатмандист, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун нерӯи созанда дар маҳракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд. Хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 2 синфхонаи ин муассисаи таълимиро таъмиру тармим карда, бо асбобҳои ҳозиразамон аз ҷумла тахтаи синфи электронӣ муҷаҳҳаз гардониданд. Ҳамчунин дар ин аксия дар натиҷаи дуруст фаҳмонидани мардум ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон деҳаҳои Ҷамоати шаҳраку деҳот корҳои ободонию созандагӣ бо дастгирии аҳли ҷамоатчигӣ ва соҳибкорони алоҳида сурат гирифт. Соҳибкор аз деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти ба номи С. Турдиев, аъзои ҲХДТ Давлатов Маҳадулло бо дастгирии аҳли деҳа 2км роҳи мошингардро сангфарш кард. Соҳибкор аз деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод Ҷобиров Абдулазиз дар доираи аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем» шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи минтақавии деҳаи Меҳнатободро таъмиру тармим карда, бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонид. Дар шаҳраки Москва бошад ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои ҲХДТ соҳибкор Ҷобиров Абдулло дар доираи аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» мағозаи дуошёнаи тарҳи замонавӣ доштаро сохта ба истифода дод, ки дар натиҷа 10 нафар сокинони шаҳра ба ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд

Соли 2017 аз ҷониби баъзе хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ содиршавии ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ нисбат ба соли 2016 зиёд шудааст. Аз ҷумла, содир шудани чунин ҷиноятҳо аз ҷониби кормандони вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаҳои андоз, кор бо ҷавонон ва варзиш, судҳо ва бонкҳо бештар ба қайд гирифта шудааст.

Содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ тамоёли зиёдшавӣ дошта, дар муқоиса ба соли 2016-ум 25 фоиз афзудааст.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳия баҳри амалишавии ин нуқтаи Паём дар моҳи октябри соли 2018 бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳаи тандурустӣ ва маориф, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаю маҳаллаҳо, кормандони ҳифзи ҳуқуқ конференсия таҳти унвони «Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ» гузаронид. Инчунин барои кам кардани ин падидаи номатлуб дар корхонаву муассисаҳои ноҳия ва бозори марказии ноҳия аксияи ҳизбии «Ба ришва не мегӯем» гузаронида шуд, ки 700 адад варақаҳои иттилооти ба сокинони шаҳрак ва кормандони корхонаю муассисаҳо, беморхонаи марказӣ ва бозори маркази тақсим карда дода шуданд.

Имруз бо қаноатманди гуфта метавонем, ки ҲХДТ ба як неруи тавонои сиёсӣ табдил ёфта, дар сафҳои худ бештар аз 460 ҳазор аъзоро мутаҳид кардааст.

Ҳизб бояд дар ҳайёт татбиқ намудани орзуву омоли халқ талош варзад,ташабускору навовар бошад, дигаргуниҳои ҳайёти ҷамъиятиро дуруст дарк карда, дар татбиқи амалҳои созанда пешсафу раҳнамо бошад. Дар ин замина фаъолияти мо ва талошу заҳмати ҳар як узви ҳизб ба хотири ободии ватан ва пойдору абади гардонидани ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои мардум беҳтарин намунаи таблиғоти ғояҳои ҳизб мебошад.

Д. Ғаффорзода – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg