БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Меҳвари Паём аз таъмини зиндагии шоистаи мардум иборат аст

АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ ДАР САМТИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ҲХДТ. Пешвои миллат ҳамасола Паёми худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа менамояд. Ҳамасола ироа шудани Паёми Сарвари давлат аз устуворона рушд кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22.12.2017 муҳим зикр гардид, ки “Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд”.

Имрӯзҳо бо дастигириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ва Роҳбарияти Олии кишвар Тоҷикистони азизи мо марҳила ба марҳила тараққи карда, сатҳи зиндагии мардум хубтару беҳтар шуда истодааст. Баъд аз Паёме, ки соли ҷорӣ Сарвари давлат ироа карданд то ин Паёми навбатӣ, яъне дар муддати як сол дар кишвар пешравиҳои назаррас ва дастовардҳои гуногун ба чашм мерасад.

Яке аз мушкилотҳои сатҳи ҷаҳонӣ ин ҳам бошад зиёд гардидани гурӯҳҳои ифротӣ ва шомилшавии шаҳрвандон, махусусан, ҷавонон ба ин гурӯҳҳо мебошад. Тоҷикистон аз давлатҳои пешсаф ҷиҳати мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористию эктремистӣ ба ҳисоб меравад. Танҳо дар соли 2018 дар мамлакати мо даҳҳо конференсияву мулоқотҳои сатҳи баланд оид ба пешгирӣ ва мубориза бо амалҳои терроритӣ ва экстремистӣ ташкил ва гузаронида шуд, ки дар ин роҳи мубориза таъсири мусбӣ хоҳад расонд. Зеро муборизаи дастаҷамъона ба терроризм ва экстремизм яке аз нуқтаҳои асосии Паём ба шумор меравад.

Гуфтан лозим аст, ки мақсади асосии давлату Ҳукумат ин муносибатҳои хуб ва ҳамкории судманд доштан бо дигар давлатҳои дунё бахусус, бо кишварҳои ҳамсоя мебошад, зеро чунин муносибат ягона роҳи ҳалли ҳама гуна мушкилот ба ҳисоб меравад. Дигар дастовардеро аз Паём то Паём метавон ном бурд, ин то рафт гармшавии муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон аст, ки ин натиҷаи ҷаҳду талошҳои пайгирона ва босамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавқат Мирзиёев мебошад. Аз ин нуқтаи назар метавон гуфт, ки дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудани муносибати Тоҷикистону Ӯзбекистон омили муҳимми беҳтар шудани муносибот миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ, рушди интегратсияи минтақавӣ, муттаҳид ва ҳамгироии мамлакатҳои минтақа дар ҳалли проблемаҳои асосии минтақавӣ буда, дорои аҳамияти калидии геосиёсӣ ва стратегӣ барои тамоми минтақа мебошад.

Дар Паём муҳим зикр гардид, ки “Мо вазифадорем, ки боз ҳам бештар заҳмат кашида, ба иҷрои ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ноил гардем, диёрамонро то гӯшаҳои дурдасттарини он боз ҳам ободу зебо гардонем, корхонаву коргоҳҳои нав бунёд кунем, барои сокинон ҷойҳои корӣ муҳайё намоем ва сатҳу сифати зиндагии халқамонро аз имрӯза дида, баланд бардорем”.

Ин таъкиди Пешвои миллат ҷомеаро водор сохт, ки бо азму ирода ва нангу номуси ватандорӣ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорҳо иншоотҳои хизматию маишӣ сохта ба истифода диҳанд. Хусусан, дар шаҳри Кӯлоб то арафаи ин ҷашни таърихӣ 890 иншоотҳои наву замонавӣ барои хизмати мардум бунёд ва ба истифода дода мешавад. Воқеан, аз Паём то Паём пойтахти ҷумҳуриамон шаҳри Душанбе симои худро ба кулли тағйи дода, бо дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат ба яке аз маконҳои зеботарини Тоҷикистон мубадал гардидааст. Чунин корҳои созанда имконият фароҳам овард, ки диққати садҳо сайёҳони хориҷӣ дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба кишварамон ҷалб гардида, барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд.

Гуфта метавон, ки соли 2018 барои мардуми тоҷик соли амалишавии ормонҳои миллӣ аст. Зеро дар ин сол орзуи чандинсолаи хурду бузурги кишвар – ба кор оғоз кардани агрегати якуми иншооти тақдирсози мамлакат – НБО “Роғун” ва истеҳсоли барқи аввалин дар он амалӣ гардид. Барҳақ, НБО “Роғун” ҳамчун Кохи бузурги нур дилҳои мардуми моро ба имрӯзу оянда гарму равшан мекунад, дар рӯдҳои нурофари кишвар неругоҳҳои нави барқӣ бунёд мешаванд, захираҳои азими энергетикӣ ва азму талоши созандагии халқ бо ҳидоятҳои бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро беш аз ин шукуфонтар месозад ва бо бунёди ин иншооти азим мардуми тоҷик саодати зиёд мебинад.

Дар фарҷом бо итминони комил ва дилпурона изҳор мекунам, ки мо бо заҳмату фаъолияти аҳлонаи худ зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар ояндаи наздик мушкилотеро, ки дар ҳаёти ҷомеа ва давлатамон вуҷуд доранд, бартараф мекунем ва барои мардумамон шароити зиндагии боз ҳам беҳтару сазовор муҳайё месозем.

Валиева Саъбагул - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg