БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём – дастури кори солонаи ҳар як шаҳрванди масъулиятшинос аст

АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ ДАР САМТИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ҲХДТ. Мардуми саодатманди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи яке аз рӯйдодҳои муҳими сиёсию маънавӣ – ироаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 26 декабри соли равон пешбинӣ гардидаст, қарор дорад.

Зимнан, ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳамчун барномаи фаъолияти кории ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, мақомоту сохторҳои давлатӣ ва созмону ташкилотҳои ҳизбӣ ироа мегардад. Яке аз масъалаҳои асосӣ ва ҷиддие, ки дар Паёми гузашта аз 22 декабри соли 2017 боиси изтироби Пешвои миллат гардид, ин раванди мусалаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави «Ҷанги сард» дар ҷаҳон афзоиш ёфтани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошад. Аз ҷумла дар Паём қайд гардида буд, ки ҷуғрофияи норомиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошад. Афзоиши терроризми байналмилалӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ ҳар як корманди ҳизбиро ҳушдор медиҳад, ки зиракии сиёсиро ҳамеша пайгир бошад.
Дар ин маврид яке аз дастурҳои аввалиндараҷаи раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон муҳтарам Раҳмонзода Абдулло пурзур намудани мубориза ба муқобили терроризму экстремизм, бегонапарастӣ ва пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгароӣ ба шумор меравад. Бинобар ин Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади вусъат бахшидани мубориза бар зидди терроризм экстремизм тибқи ҷадвал рӯйхати баргузории мулоқоту вохуриҳо ва хонишҳои сиёсӣ ин масъаларо дар ҳамаи суҳбатҳои гузаронида пайгирӣ намуд
Аслан соли 2018 барои мо ва Тоҷикистони азиз аз оғозаш соли наку ва хотирмон буд. Аз Паём то Паёми ин дафъаина даврае буд,ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври ҷиддӣ бори дигар мутаваҷҷеҳи Тоҷикистон ва ташаббусҳои аҳамияти глобалидоштаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид. Зеро дар оғози ҳамин сол ташаббуси Сарвари давлатамон оид ба даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 расман шуруъ шуд. Инчунин дар ҳамин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии «Мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», вохурии навбатии Шурои сарварони давлатҳои аъзои иттиҳоди давлатҳои мустақил буд, ки ин ҳама боиси боз ҳам афзун гардидани нуфузи Тоҷикистон ва Сарвари давлату ҳизбамон гардид.

Ҳадафҳои асосии Паёмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини истиқлолияти энергетикӣ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, тараққи додани соҳаҳои фарҳангу маориф, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғайра ба шумор мерафт. Дар давраи аз Паём то Паём нисбати ин масъалаҳо пешравиҳои назарас ба миён омаданд. Муҳимтар аз ҳама воқеаи фараҳбахш ин бо иштироки Пешвои муаззами миллат дар санаи 16 ноябр ба фаъолият оғоз намудани агрегати якуми Неругоҳи Барқи Обии «Роғун» буд, ки паёми муборак ба тамоми мардуми Тоҷикистони азиз ва минтақа ба ҳисоб меравад.
Дар соҳаи сиёсатӣ хориҷӣ низ таҳти роҳбарии дурандешона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба дастовардҳои беназир шарафёб гардид. Хосатан муносибати кишварамон бо Ҷумҳурии Узбекистони ҳамсоя, ки қариб 27 сол сарду бетарафона буд. Хушбахтона дар ин самт пешравии ҷиддӣ ба амал омад, ки дар натиҷаи он дӯстию бародарии халқҳои Тоҷику Узбек густариш ёфт.
Бузургтарин ва хотирмонтарин рӯйдоди аз Паём то Паём ин дар Паёми соли гузаштаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018 – «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» буд. Ин ташаббуси сарвари давлату ҳизбамон воқеан ҳам муаррифгари аслии фарҳангу тамаддун гардид. Имкон дод, ки ҷаҳониён дигарбора ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик бо диди нав назар кунанд.
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади ташвиқу тарғиби ҳамаи нуқта ва андешаҳое,ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ
, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда истифода намуда корбарӣ кард. Аз ҷумла доир ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар 70 деҳаю маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳия суҳбату вохуриҳо ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, инчунин намоиши дастовардҳои кишоварзон ташкил карда шуд.
Пешравии дигаре,ки дар ҳаёти ҳизбии ноҳия дар давраи аз Паём то Паём ба вуқуъ пайваст ин дар асоси ташаббусу пешниҳоди раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон муҳтарам Раҳмонзода Абдулло тақвият бахшидани робитаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бо маҳал мебошад. Дар ин росто комёбиҳои беназир мушараф гашта, фаъолнокии мардуми деҳот дар иштирок ва баргузории чорабиниҳои сиёсӣ баланд гардид. Муҳимтар аз ҳама шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва аъзоёни нави ҲХДТ дар деҳот ба маротиб афзуд.

М.Раҷабзода - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg