АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ ДАР САМТИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ҲХДТ. Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар поёни соли милодӣ манзур мегардад, ки онро ҳамчун барномаи як соли рӯзгори мардум муқарар месозад. Тавре ба ҳамагон маълум аст 22 декабри соли 2017 Паёми навбатии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ ва ба мардум кишвар ироа гардид, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2018 муайян намуд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси олӣ яке аз сарчашмаҳои ташакул ва инкишофи ҳаёти маънавӣ, зеҳнӣ ва дастуру раҳнамои ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Паём ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ муқарраркунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ва дар ин росто муаянкунандаи вазифаи ҳар сокини кишвар дар роҳи татбиқи амалии он мебошад.
Паёми имсола мувофиқи вазъи бавуҷудомадаи иқтисодию иҷтимоии кишвар бо назардошти таҳаввулоти ҷаҳон муосир таҳия шудааст. Дар паёми имсолаи хеш Ҷаноби олӣ ба масъалаҳои муҳиму ҳалталаби имрӯза, хусусан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, беҳбудӣ бахшидани ба ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои тарбияи насли солиму бо маърифат, андешидани тадбирҳои иловагӣ барои амалигардонидани ҳадафҳои стратегии давлат ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, азнавсозии роҳҳои мошингард, таъмини босифати маводи ғизоӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намуданд.
Сарвари давлат дар бобати роҳҳои ҳалли ин масъалаҳо, аз ҷумла пешгирӣ намудани афзоиши нархҳои маводи ғизоӣ, бо роҳи баланд бардоштани ҳосилнокии замин, ҷалби тамоми захираву имкониятҳо барои мавриди баҳрабардорӣ, таҷдиди неругоҳҳои барқӣ обӣ, истифодаи самараноки боигарии табии кишвар, рушди минбаъдаи соҳибкории хухду миёна мубориза бар зидди ҷиноядкорӣ ва падидаҳои номатлуби ҷомеа, хусусан коррупсия, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, бартараф намудани камбудиҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу иҷтимоиёт дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ин раванд, вазифаи ҳар як шахс аз он иборат аст, ки моҳияити нишондодҳои Паёмро дуруст дарк намояд вазифаҳои худро ба таври мушаххас муайян намояд ва баҳри татбиқи босамари он талош варзад. Дар ин рост, бо ҳадафҳои дар боло зикргардида вазифаи мо сохторҳои ҳизбӣ низ бояд мушаххас карда шавад, ки он ҳам ташвиқу тарғиб ва шарҳу тавзеҳи дурусти он ва муайян кардани вазифаи ҳар кас новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ дар раванди давлатдорӣ аст.
Таблиғу ташвиқи Паём пеш аз ҳама кори асосии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба шумор меравад. Зеро имрӯз мо ҳамчун ҳизби пешбари ҷомеа ҳастем ва ин масъулияти бар души мо вогузор шудааст. Яъне мо масъулияти олии ватансозиро бар душ дорем. Вобаста ба ин ҳар яки моро зарур аст, ки дар таблиғу ташвиқи Паёми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор бошем. Барои иҷрои ин дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Раиси ҳизбамон ҳар як аъзои фаъоли ҳизбро зарур аст, ки моҳияти масъалаҳои мазкурро дуруст дарк намоянд ва баъдан барои иҷрои ин нишондодҳо диққати ҷиддӣ зоҳир кунанд.
Дар оғози паём Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масъулияти ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвар ёдовар шуда таъкид дошт, ки Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт.
Масъалаи дигаре, ки дар Паём қайд гардид лоиҳаи таҷдиди нерӯгоҳи барқии обии «Норак» дар ду марҳила бо ҷалби 6 миллиард, лоиҳаи таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии «Сарбанд» ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ корҳо оғоз ёфтааст.
Чунончи дар Паём зикр гардид дар маҷмӯъ, барои таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунанда беш аз 8 миллиард сомони равона мегардад.
Барои бунёди нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» соли 2018-ум қариб 5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда буд, хушбахтона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати якуми НБО «Роғун»- ро 16 ноябри соли ҷори ба истифода дода бо ин амали нек боз як қадами устувор расидан ба истиқлолияти энергетикӣ минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Ба ҳамаи мову шумо маълум аст бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ҳалли масоили об дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ чандин ташабусҳои созандаро пешниҳод карданд. Тибқи таъкиди Ҷаноби олӣ соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об 22-март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушдди устувор, 2018-2028» расман оғоз гардид, ва вобаста ба ин, дар мамолики гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар кишвари азизи мо низ чорабиниҳои муҳим баргузор гашта истодааст.
Ба роҳандозии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум пайваста чораҷӯӣ менамоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз вакилони мардумӣ, аъзои Ҳукумати, роҳбарони тамоми идораву муассисаҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, кулли хизматчиёни давлатӣ, ҷавонону бонувон, аҳли зиё ва умуман, хурду бузурги мамлакат даъват ба амал оварданд, ки саъю кӯшиши худро, дар навбати аввал, ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон сафарбар созанд. Бештар заҳмат кашида, ба иҷрои ҳадафҳои стратегии милли таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ноил гардем, диёрамонро то гӯшаҳои дурдастарин он боз ҳам ободу зебо гардонем, корхонаву коргоҳҳои нав бунёд кунем, барои сокинон ҷойҳои корӣ муҳайё намоем ва сатҳу сифати зиндагии халқамонро аз имрӯза дида, баланд бардорем.
Раиси ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибат ва мавқеи худро нисбати ҳизби мушахасан чунин баён медоранд «Ман дар назди халқ барои ҲХДТ масъулияти бузург эҳсос мекунам ва аз ҳар як узви ҳизб эҳсоси чунин вазифаро талаб менамоям».
Чунин изҳороти Пешвои муаззами ҳизбу миллати ҳамаи моро қатъиян вазифадор менамояд, ки ба кори ҳизбу халқ Ватан ва давлату давлатдорӣ содиқ бошем, кушишу ғайратамонро барои ободии диёр сафарбар намоем.
Т. Б. Наҷидуллоев - раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар