БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Чакан ба феҳристи меъроси ғайримодии ЮНЕСКО ворид гардид

ҶАЙҲУН. Бо мақсади иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи «Лоиқ Шералӣ»-и ҷамоати деҳоти «Ваҳдати миллӣ»-и ноҳия чорабинии таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба сазовор ҷамъбаст намудани Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳамадҷон ва сокинони деҳаи болозикр доир гардид.

Зимни чорабини Зайдуллоев Муҳамадҷон вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал баромад намуда, қайд намуд, ки хушбахтона бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти 13-уми ЮНЕСКО, ки дар Ҷумҳури Маврикий доир гардид, гулдӯзии миллии тоҷикон «Чакан» ба феҳрести меъроси ғайримоддии арзишҳои фарҳангӣ ЮНЕСКО ворид гардид.

Воқеан ҳам чакан ифодакунандаи зебоӣ рамзи ҳамгироии инсону табиат мебошад. Ҳар як нақше, бо нӯги сӯзан офарида мешавад, шинохти дунёст. Он гувоҳи ривоҷи маънавӣ, ғояҳои инсонгароии миллати тоҷик буда, аз фарҳанги бою ғании мардуми мо дарак медиҳад. Чакандӯзӣ як навъи санъати милли мо буда, аз даврони куҳан то ба имрӯз орзуву омол ва завқи зебопарастии мардумро инъткос мекунад.

Дар фарҷоми баромад М.Зайдуллоев иброз доштанд, ки дар замони муосир эҳёи ҳунарҳои мардумӣ майдони робитаи фарҳангиро фарох намуда, зарурати шинохти анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва беҳдошти асолати онҳоро тақозо менамояд. Дар ин росто, рушди фарҳанги миллӣ барои таҳавули муносибатҳои байнидавлатӣ дар самти эҳёи ҳунарҳои бадеии халқӣ ва ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ аҳамияти бағоят муҳим дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg