БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ ҳадафи аз байн бурдани арзишҳои ахлоқӣ ва самтбахшии афкори оммаро доранд

ФАРХОР. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо сокинони деҳаи Бунафшаи ҷамоати деҳоти Дарқад баргузор гардид.

Маҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаҳбози Искандар кушода, қайд намуд, ки тибқи ҷадвали тасдиқгардида, имрӯз навбати баргузории вохӯрӣ бо сокинони деҳаи Бунафша мебошад, маҳз ба ин хотир мо инҷо омадем, ки атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбат намоем.

Мавсуф дар идома иброз дошт, ки аз ҳама масъалаҳои муҳиме, ки дар маркази диққати роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорад  пешгирии гаравидани сокинон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, пешгирии нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва боло бурдани сатҳи фарҳангӣ сиёсӣ ва маънавии сокинон мебошад.

Инчунин, масъалаҳои болозикрро бо муқоисаву таҳлилҳои амиқ мавриди баррасӣ қарор дода, ёдовар шуд, терроризми имрӯза бештар тобиши динӣ касб намуда, бо ин роҳ хусусиятҳои нав пайдо кардааст. Яке аз ҳамин гуна хусусиятҳо пайванд додани хушунат, даҳшатафканӣ бо расонаҳои хабарист. Террористон аз расонаҳои хабарӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Расонаҳо дар бузург кардан ва аҳамият додан ба таҳдидҳои террористон дар афкори омма зеҳниятсозӣ мекунанд, тарс ва ваҳшатро дар вуҷуди одамон ҷо менамоянд ва ба террористҳо дар таблиғи мақсадҳояшон ёрӣ мерасонанд. Ҳамчунин, ба тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо  истифода аз усулу роҳҳои махсус ҷавононро фирефта намуда, ба самти худ ҷалб менамоянд. Террористон, тибқи паймони мазҳабӣ ва бо пайванд ба ақоиди динӣ амал мекунанд. Биноба таҳлили дақиқ ва оморгирии ҳамаҷониба дар соли 1995 нисфи террористони байналмилалиро мутаассибони динӣ ташкил медоданд. Таҷрибаи мубориза бо терроризм нишон додааст, ки хатарноктарин навъи терроризм– терроризми динӣ ба шумор меравад.Бино барин моро зарур аст ҷиҳати пешгирии ин зуҳуроти хатарзо чораҳои ҷиддӣ андешем. Қуллайтарин роҳҳи пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ ва пешгирии нашъамандию нашъаҷаллобӣ  таълиму тарбияи дурусти фарзандон ва боло бурдани сатҳи огаҳии сокинон дар масъалаҳои болозикр мебошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg