БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мактаб махзани муқаддаси омӯзиши илму маърифат аст

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси  ҷадвали тасдиқгардидаи баргузории вохӯрию мулоқотҳо дар деҳаву маҳалҳо ва хониши сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо   дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33, ҷамоати деҳоти Қарақамиши  ноҳияи Темурмалик  бо  омӯзгорону  кормандони муассисаи номбурда дар ҳайати раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабов Ҷаҳонгир хониши сиёсӣ  баргузор гардид. 

Зимни баргузории  хониши сиёсӣ масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба   самтҳои    афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, нуктаҳои асосии  Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  андешаронӣ карданд.   

Дар охир   Раҷабзода Маҳмадсаид ва омӯзгорону кормандони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҲХДТ-ро ҷонибдорӣ намуданд.

                                                                  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg