БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон –пайравони Пешвои миллат!

ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар муассисаи таълимии №2 бо хонандагони синфҳои болоӣ ва кормандони муассиса таҳти унвони «Ҷавонон- пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш баргузор гардид.

Ҳамоишро роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия Ғафуров Сайдамир оғоз бахшида, оид ба хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгириҳои ҷавонони хуштолеъи Ватан, нақши ҷавонон дар ҷомеаи имрӯза, пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа ибрози андеша намуд. Аз ҷумла кайд намуд, ки барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани ҷавонон дар кишвар ҳама шароитҳои замонавӣ муҳаё гардидааст.

Зимнан, аз тарафи иштирокдорон доир ба омодагиҳо оид ба  сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат ёфтани корҳои ободонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагонии аҳолӣ, чорабиниҳои доиргардида дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ба истифода дода шудани чархаи аввали НБО Роғун, таваҷҷуҳи ҳукумат ба соҳаи маориф, фарҳанг ва тандурустӣ, рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, сохта ба истифода дода шудани майдончаҳои варзишӣ дар деҳот ва дигар масъалаҳои муҳим суханронӣ гардид.

Ҳамчунин ба иштирокдорони ҳамоиш варақаҳои тарғиботӣ тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg