БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Энергетика яке аз соҳаҳои муҳими рушди иқтисодиёт мебошад

НОРАК. Дар толори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нурофарон” бахшида ба Рӯзи энергетика маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини якуми ШСХК «Барқи тоҷик» Асозода Маҳмадумар Шамсулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумриниссо Гулмуродзода, узви  ҲХДТ, директорони НБО-ҳои Нораку Бойғозӣ Шоиддинов Фазлиддин, Зоғаков Рустам бо иштироки 200 нафар аъзо ва ҷонибдорони ҳизб аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Нурофарон”, “Нурафшон” ва «Барқчиён» ширкат варзиданд.

Дар бораи ба ҳисоб рафтани энергетика, яке аз соҳаҳои муҳими рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи энергетика Асозода Маҳмадумар Шамсулло, Гулмуродзода Қумриниссо суханронӣ намуда, барқчиёнро ба рӯзи идашон табрик гуфта, баҳри боз ҳам беҳтару хубтар хизмат намудан ба халқу Ватан, ки вазифаи муҳими ҳар як корманди соҳаи энергетика мебошад, таманниётҳои беҳтаринро орзу намуд.

Инчунин, дар идома  аз ҷониби ШСХК «Барқи тоҷик», Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, НБО-и Нораку Бойғозӣ ва иттифоқи касабаи Нерӯгоҳи барқи обии Норак фаъолони ҳизб бо Ифтихорномаҳо, нишони «Аълочии Барқи Тоҷик», мукофотҳои молиявӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg