КӮЛОБ. Оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби Президентӣ” мулоқот баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби Президентӣ” Умаров Сайдалӣ иштирок ва баромад намуданд.
Терроризм ва экстремизм яке аз мушкилоти асосии башарият аст, ки рифоқу осудагии ҷамъиятро ба хатар мувоҷҷеҳ сохта, рӯзона ҷони садҳо касро мегирад ва садҳо маълулу маюб мегардонад. Террористон пойбанди ҳеҷ нав арзиши инсонӣ набуда, ҳатто ба хешу ақрабҳои худ ҳам раҳм намекунанд, чунин гуфта шуд дар баромади Фирӯзи Саидмӯъмин.
Дар фарҷом доир ба дигар паҳлуҳои фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ибрози ақида гардид.