БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Занони ҳунарманд касбу ҳунарҳои миллиро ба ҷавонон меомӯзонанд

ҚУБОДИЁН. Эҳёи анъанаҳои неки миллӣ ба ҳамзистиву ҳамсоядорӣ, дасти ёри дароз намудан ба ҳамдигар дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ, бартараф намудани нофаҳмиҳо ва пойдор нигоҳ доштани оилаҳои ҷавон, пешгири аз ҳар гуна амалҳои ношоиставу шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои номатлуб оварда мерасонад.

Бо ин мақсад дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонии ҷамоати шаҳраки Қубодиёни ноҳия бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоев Ваҳобиддин,  доираи васеъи занони хонашин ва ҷалби занони ҳунарманд  дар чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Сол и рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Дар он занони ҳунарманд ҳунарҳои худро, аз қабили қуроқдӯзӣ, кӯрпачадӯзӣ, намудҳои сӯзанидӯзиро ба маърази дид гузошта, барои ҷалби ҷавондухтарон ба омӯзиши ин намуди ҳунарҳо омодагии худро баён карданд.

          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg