ЁВОН. Дар асоси ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо ва хонишҳои сиёсӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар бинои Почтаи ноҳия бо иштироки аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Идораи Почта» хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни хониши сиёсӣ и.в. муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Солиҳов Маҳмадрасул дар бобати ҳодисаи нангине, ки санаи 29 июли соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ содир гардид ва дар натиҷа чанд нафар сайёҳони хориҷӣ захмӣ шудаву чанд тани дигар ба ҳалокат расиданд, инчунин, изҳороти хоинони Ватан дар ташкили ҳамоиш дар шаҳри Берлин изҳорӣ нигаронӣ намуда, мардумро барои муттаҳид будан, тарбияи дурусти наврасону ҷавонон, риояи қонунҳои миллӣ, расидан ба қадри сулҳу субот хизмати содиқона ба халқу Ватан, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгири аз майлӣ бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон вокуниши фаврӣ ба маводҳои интиқодии бебуниёд дар васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм экстремизм ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро, баргузории чорабиниҳо ба хотири огоҳ кардани аҳолӣ ва пешгирии онҳо аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнуъи ТЭТ ҲНИ раҳнамоӣ намуданд.