БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Боғу роғат файзбахш аст, эй Ватан

ДӮСТӢ.  Бо иштироки и.в.раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ аз фаъолияти анорпарварони хоҷагии деҳқонии ба номи Бобои Хайруллои ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл боздид ба амал оварданд.

Роҳбари хоҷагии мазкур Нурулло Хайруллоев бо фарзандону наберагон, яъне саҳмодорони хоҷагӣ дар майдони 1-гектару 50 садяк замин анорбоғ ва 50 садяк замин боғи бодом, шафтолу ва зардолу ташкил намудааст. Ду соли охир аст, ки зиёда аз 6 тоннагӣ ҳосили дилхоҳ ба даст меораду рӯзгори худ ва оилаи саҳмдоронашро таъмин менамоянд.  Анор яке аз меваи хуштаъму ширин ва дорои колорияи баланд буда, ҳамеша парвариши ин намуди меваи шаҳдборро деҳқонони ноҳияи Дӯстӣ хоси худ қарор дода, қариб 100 сол мешавад, анори номдори Ҷиликӯлро истеҳсол менамоянд. Зимни вохӯрӣ ба мо маълум гардид, ки барои ба даст овардани ҳосили анор деҳқон бояд 3 сол ниҳоли онро дар замини нарму серғизо парвариш намуда, пасон ҳосили дилхоҳ ба даст меорад. Тавре, ки аён аст, дар моҳи аввали фасли зимистон байни қаторҳои дарахтони  онро нарм намуда, дар байни он ҷуйбор мекашанд. Дар бехи ҳар як дарахти анор 1кг нерӯ ва 15 кг пору зери хок намуда, бехи ҳар як дарахти онро то 60 см бо хок мепӯшонанд то дар фасли сардӣ  ба решаи он сармо нарасад. Пас аз он дар моҳи январ ба қаламчакунии он машғул гардида, мунтазам ба парвариши он машғул мегарданд. Хоҷагидор зикр менамояд, ки дар сурати риоя намудани чунин коркард ҳосилнокӣ хуб гардида, вазни як анор то ба 1кг мерасад.

Боғпарвари асил  Нурулло Хайруллоев баҳри ба даст овардани қитъаи замин ва ташкили хоҷагии деҳқонӣ, ки аз он ризқу рӯзӣ меёбад, ба Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори минатдорӣ баён намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg