БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ: фаъолияти созанда мароми мост!

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказӣ”-и ноҳияи Данғара  хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар он  Каримов Пирмуҳаммад  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, атрофи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, татбиқи барномаҳои давлатии  соҳавӣ, солимии ҷомеа – боигарии миллат ва бақои давлат, риояи қонунҳои миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни ифротию иртиҷоӣ, дастаҷамъона саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо мақсади дар сатҳи баланд ва сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ин ҳама аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бармеоянд, суханронӣ намуд.

Зимнан ҷиҳати саҳмгузорӣ дар татбиқи сифатноки барнома ва бандҳои нақша-чорабиниҳо аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ташкилоти ибтидоӣ изҳори миннатдорӣ баён карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg