БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои миллат: Рисолати азалии зани тоҷик нигаҳдории меҳру вафо дар оила аст!

БАЛҶУВОН. Дар деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти Тоҷикистон бо иштироки  мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон  бо  занону бонувони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тоҷикистон”  вохӯрӣ доир гардид.

Зимнан Марҷона Муродова дар назди иштирокдорон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳиӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, моҳияти Аксияҳои тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, ҷалби занону духтарон  ба касбу ҳунар миллӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷкистон “Дар бораи танзими аъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, тарғиби либоси миллӣ, рӯ овардан ба фарҳанги пурғановати хеш, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундрав, тарбияи  фарзандон дар рӯҳияи илмомӯзиӣ ахлоқи ҳамида, ҳидояти насли наврасу ҷавон ба эҷодкориву созандагӣ ва андешаронӣ намуда, афзуд, ки лозим ба ёдоварист, ки дар зиндагӣ нақши зан-модар хеле бузург аст. Ҳамчунин дар оини хонаводагии мардуми тоҷик зан мақоми хосае дорад. Рисолати азалиаш нигаҳдории меҳру вафо дар оила, тарбияи дурусти фарзандон ва модари меҳрубону содиқ будан аст. Тамоми баду неки рӯзгор,  лутфу меҳрубонӣ, назокату латофат ва сабру таҳаммулу тадбир дар канори марди хонадон ба ақлу заковату хулқу атвори хуши зан вобастагӣ  дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg