БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-роҳ ба суи ормонҳои миллӣ

А.ҶОМӢ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷиҳати гузаронидани хонишҳои сиёсӣ дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Абдулқосими Фирдавсӣ»-и кӯчаи Фирдавсии ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятнокии фаъолияти ҲХДТ вохӯрии судманд баргузор гардид.

Вобаста ба ин масъулин  оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ маълумот доданд. Инчунин, дар рафти вохӯрӣ Самадзода Саёҳат мудири шуъбаикор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  дар бораи  ҳодисаҳои нагинине, ки  дар давлатҳои хориҷа, аз ҷумлаи Сурия, Афѓонистон, ба вуқӯъомада истодаанд, ки сабаби марги мардуми бегуноҳ гардидааст, ҳарф зада,  дар якҷоягӣ бо ҷамъомадагон  амалҳои хоинонаи ҷинояткоронро маҳкум намуда, дар назди худ вазифа гузоштанд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар самти ин амалҳои ваҳшиёна дар гирифтани сари роҳи ҷоҳилон муборизаи беамон  хоҳанд бурд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg