![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/IMG_20181129_104126.jpg?itok=OjLBVfrf)
А.ҶОМӢ. Дар асоси нақша-чорабинӣ оид ба баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии «Мӯсо Ҷалилов»-и кӯчаи ба номи Мӯсо Қалилови қамоати шаҳраки Абдураҳмони Қомӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятнокии фаъолияти ҲХДТ ва навори телевизионии филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ» бо аъзо ва қонибдорони ҳизб гузаронида шуд.
Зимнан дар рафти суҳбат Самадзода Саёҳат мудири шуъбаи кор бо занон ва қавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ иштирок намуда, иштирокчиёни вохӯриро барои сарбаландона истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон даъват ба амал овард.
Ҳамзамон, бо мақсади тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва муайян намудани мавқеъи ватандорӣ ифтихори бузург аз меҳанпарварии Пешвои миллат филми мустанади «Марди роҳ»-ро бо тариқи оинаи нилгун пешниҳоди мардум гардид, ки дар бораи он даргириҳои солҳои 1990 ба вуқӯъ пайваста буд, қисса намуда, корнамоиҳои Роҳбари давлатро дар он давра нишон доданд.
Воқеан ҳам қонбозиҳои ин марди Худодода буд, ки тавонист аз як давлати қангзада ба давлати пешрафта дар тамоми соҳаҳо мубаддал гардонад, филми таҳиягардида мазмуну моҳияти он барои ҳар яки фарди ҷомеа, алалхусус қавонону наврасон бояд ибратомӯз бошад ва мо бояд дар ин самт зиракиву ҳушёрии сиёсии худро аз даст надода, ба қадри сулҳу субот, амнияту осоиштагии кишвар хасида, баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани азизамон саҳмгузор бошем.