ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар маҳаллаи Ҷаббор Ҳусейнови ҷамоати шаҳраки Обикиик атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимнан масъулин дар назди ҷамъомадагон оидба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, ба кор даромадани чархаи якуми НОБ-и Роғун, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ карда, онҳоро барои боз ҳам рушд додани корҳои ободониву созандагӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал ва тарбияи дурусти фарзандон дар роҳи ватандӯстӣ ҳидоят намуданд.
Инчунин, дар идома аз маҳсули дастони занону бонувони ҳунарманди деҳот дидан карда, ба ҳунару маҳорати волои онҳо баҳои баланд доданд.