БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сайри Вахш бо иштироки аҳли фарҳангу ҳунар

ВАХШ. Санаи 22-юми декабри соли 2018 дар ноҳияи Вахш чорабинии фарҳангӣ дар ростои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони “Сайри Вахш” баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси якҷояи, раиси ноҳияи Вахш Шарбатулло Азизулло, раиси Кумитаи ҷироияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов ва санъаткорони Бахши фарҳанги ноҳияи Фархор ташкил карда шуд. Инчунин, дар чорабинии мазкур ҳунармандон Маҳмадсафар Муродов, Хайриддин Қурбонов, Шарифхон Сайдалиев, Майрамбӣ Каримова, Ҳалимбек Идибеков, Карим Назаров, Саъдӣ Қаландаров, адибон Акрами Ризон, Шарофиддин Ҳайдарӣ, Холмуҳаммад Ғафурӣ ва рӯзноманигорон Абдулҳамид Маҷидов, Абдулҳамид Давлатов, Қурбоналии Абдураҳмонов, Бобоҷон Қурбонов, Мирзораҳмат Давлатов ва ғайраҳо аз ноҳияҳои Фархор, Панҷ, Кӯшониён, Ҳисор, Рашт ва Вахш  даъват гардида, иштирок доштанд.

Пеш аз оғози чорабинӣ меҳмонон аз мавзеъҳои таърихии ноҳияи Вахш ва намоиши ҳунарҳои мардумии ин маҳал дидан намуданд.

Дар қисмати тантанавӣ суханони табрикӣ, қироати шеър ва шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромии кишвар садо доданд. Махсусан, қайд гардид, ки чакани тоҷик дар ҷаласаи ЮНЕСКО ҳамчун мероси ғайримоддии башарият қабул гардид, ки ин ифтихори мо тоҷикон аст.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ санъаткорон дар мавзӯҳои Ватан, табиати зебоманзари кишвар ва хусусиятҳои хоси меҳмондӯстии миллати тоҷик сурудҳо хонда, раққосаҳо бо либосҳои чакан ҳунарнамоӣ намуданд.

Дар охири чорабинӣ меҳмонон бо туҳфаҳои таъсисдодаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш қадрдонӣ гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg