БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ташаббусҳои Пешвои миллат ғамхори барои ояндаи босаодати мо

Ҷ.БАЛХӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маҳаллаи Фрунзеи ҷамоати деҳоти Фрунзе бо фаъолони ҳизб ва омӯзгорон хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар он масъулон оид ба ташаббусҳои пайдарпайи Пешвои миллат марбут ба масоили об баромадҳо намуда, кайд намуданд, ин иқдомҳои беназири Сарвари дурандеш моро водор месозад, ки нисбати об ҳамчун манбаи ҳаёт муносибати дилсузона дошта бошем, ҳар қатраи онро сарфакорона истифода барем, ба ифлосшавии ҷӯйю дарё ва дигар манбаҳои об роҳ надиҳем.

Асоев Хизридин–мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия зимни суханронӣ тазаккур дод, ки эълон доштани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди усутвор, солҳои 2018-2018» ва аз ҷониби ҳамаи аъзои СММ дастгирӣ ёфтани ин ташаббус шаҳодат аз он медиҳад, ки то чӣ андоза Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба об-манбаи ҳаёт аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Дастрасӣ ба манбаи об ба яке аз масъалаҳои ҳалталаби сайёра табдил ёфтааст. Гармшавии ҳаво ва дар ин асно обшавии пиряхҳо, ки маънои нобудшавии захираи обро мефаҳмонад, ин масъаларо тезу тунд намудааст.

Дигар иштирокдорон илова намуданд, ки дар кишвари мо сохта ва пурра ба истифода дода шудани НБО-и Роғун имконияти захира намудани оби ошомиданиро дар обанбори нерӯгоҳ фароҳам меорад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg