БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбиёни ноҳияи Панҷ ҷиҳати амалӣ намудани нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат саҳми арзанда гузоштанд

АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ ДАР САМТИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ҲХДТ. Соли 2018 бо воқеаҳои муҳимму фараҳбахши худ дар ҳаёти иқтисодию сиёсӣ  ва иҷтимоию фарҳангии кишвар нақши калон гузошт.

Дар ин сол 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21-солагии Ваҳдати миллӣ ва 26-солагии Иҷлосияи 16-уми Шeрои Олии Ҷумҳурии Точикистон, ба кор даровардани чархаи аввали НБО-и Роғун ҷашн гирифта, бо шукуҳи хоса ва хотирмон таҷлил гардиданд.

Мардуми меҳнаткаши ноҳияи Панҷ аз ин чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ рӯҳу илҳоми тоза гирифта,  соли гузаштаро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуда истодаанд.

Натиҷаи ҳамин аст, ки дар таъмини ислоҳоти иқтисодии хоҷагии халқи ноҳия, тарбияи маънавии мардум дигаргуниҳои ҷиддӣ ба назар  мерасад.

Мардум паи ободии диёр ва бартараф намудани  нуқсонҳои зиндагӣ заҳмату хизмат карда  истодаанд. Симои шаҳраку деҳотамон ба кулли тағйир ёфта, кӯчаю хиёбонҳо бо бунёдкориҳои нави замонавӣ симои худро дигар карда истодаанд.

Дар  ба даст овардани ин бурдбориҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мо ташкилотҳои ҷамъиятиву сиёсӣ низ саҳми арзандаи хешро гузошта меоянд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз зумраи он ташкилотҳои  ҷамъиятию  сиёсие мебошад, ки  дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, сифатҳои наҷиби ахлоқию маърифатӣ ва маънавии аъзоёнаш такя намуда, ғайрату идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва  фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд.

Кумитаи иҷроияи ноҳияи Панҷ баҳри амалӣ гардонидани қарорҳои Анҷумани Х11 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб,  Барномаю Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 тибқи ҷадвали КИ ХХДТ дар вилояти Хатлон,  эълон гардидани Соли тақвияти робитаи ҳизб бо маҳал корҳои мушаххасеро ба ҷо овардааст.

Имрӯз дар ноҳия 127  ташкилоти ибтидоии ҳизб фаъолият менамояд, ки аз он 39-тоаш дар назди ташкилоту муассисаҳо ва 88  ташкилоти ибтидоӣ мебошанд, ки соли ҷорӣ дар маҳаллаҳои ҷамоатҳои ноҳия таъсис дода шуданд.

Айни ҳол, дар сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия 6543 нафар шомил буда, аз он 3222 нафарашонро занон ва  2165 нафарашонро ҷавонон ташкил медиханд.

Дар давоми соли ҷорӣ бештар аз 623 нафар эътиқодмандон ба сафи ҳизб қабул карда шудаанд ва сари вақт ба ҳамаи онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар маҷлисҳои ҳизбӣ ботантана супорида шудаанд. Дар сафи ҳизб аслан халқи меҳнаткаш, кишоварзон, соҳибкорон, мутахассисони соҳаҳои гуногун, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорон, ҷавонон ва дигар табақаҳои гуногун аъзо мебошанд.

Ба мақсади иҷрои дастуру супоришҳои  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз 15.01.18 дар асоси ҷадвали ташкили чорабиниҳои сатҳи баланд бо ташаббуси  Комиҷроияи ноҳия ва ташкилоти ибтидоии шаҳраки Панҷ 27 феврали соли ҷорӣ чорабинии сатҳи баланди сиёсӣ  вобаста ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ бо иштироки васеи ахли ҷомеа, аз ҷумла аъзоёни Кумитаи  иҷроия ва аъзоёни раёсат, намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»,   кормандони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзоёни ситодҳои таблиғотӣ ва кулли сокинони ноҳия дар майдони И.Сомонии шаҳраки Панҷ бо намоиши хунарҳои мардуми ноҳия бо як шукӯҳу шаҳомати хосса дар фазои тантанавӣ  баргузор карда шуд.

Иштирокдорон ба маҳсули меҳнати ҳунармандону косибони ҷамоати  шаҳраки Панҷ, аз қабили чубтарошӣ, кандакорӣ, заргарӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, бофандагӣ, зардӯзӣ, маҳсулотҳои гуногуни  нонӣ ва  хурокҳои миллӣ ошно гардида, ба меҳнату заҳмати онҳо баҳои  баланд доданд. Ин  чорабинӣ бо барномаи фархангӣ ҷамъбаст гардид.

Ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани иртибот бо мардум ва ҷалби оммаи васеи сокинон дар амалӣ намудани ҳадафу мақсад ва кору пайкори созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон соли 2018 барои ташкилотҳои ҳизбии вилоят Соли тақвияти робита бо маҳал эълон гардида буд.

Ҷиҳати ҳадафмандона ва дурусту бонизом амалӣ намудани ин мақсадҳо Ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳалла барои  соли 2018  тасдиқ гардида, мутобиқи механизми мазкур дар ҳар як деҳаву маҳалла бо сокинон вохӯриву суҳбатҳо доир намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаро ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ равона сохт, ки он мавзeҳои зеринро дар бар мегирифт:

- Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.12.2017 ва сафарбар намудани сокинон баҳри татбиқи амалии он;

- Бо мақсади даст ёфтан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ сафарбар кардани сокинон ба сарфаву сарриштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ;

- Баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ;

- Огоҳ кардани сокинон аз хатари ҳизбу ҳаракатҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти мубориза бо онҳо;                                                   

- Аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофот бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти аҳли ҷомеа;

- Фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастӣ ва майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ;

- Ташаккули фарҳанги техникӣ дар аҳолӣ ба хотири истифодаи дурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои марбут ба истифодаи нодурусти онҳо;

- Фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти мубориза бо нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ҳамчун зуҳуроти хатарзо ва амнияти миллӣ ва ҳаёти шаҳрвандон;

- Ба сокинон фаҳмонида додани моҳияти қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумхурии Тоҷикистон”  ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа;

- Фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл;

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар 39 ташкилотҳои ибтидоии амалкунандаи муассисаву  идораҳои ноҳия 39 хонишҳои сиёсӣ бо иштироки 2338 нафар кормандону коргарони ин муассисаҳо  ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб сeҳбату вохeриҳо доир гардид.

Ҳамзамон, дар ҳамаи деҳаву маҳаллаҳои  ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохeриву мулоқотҳо бо сокинон роҳандозӣ гардид.  Дар ин радиф,  88 ташкилоти ибтидоии нав таъсис дода шуда, 623 нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомил шуданд.

Комиҷроия пайваста кӯшиш намуд, ки ваҳдати хешро дар баланд бардоштани тарбияи маънавии ҷомеа, мустаҳкам кардани иқтидори иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ саҳми арзанда гузорад.

Аз ин лиҳоз, ба мақсади баланд бардоштани фаъолияти кори ташкилотҳои ибтидоӣ дар соли гузашта бо раисон ва ҷонишинони раисони ташкилотҳои ибтидоӣ як семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «ҲХДТ- ҳизби созандаву бунёдкор» гузаронида шуд.

Дар назди комиҷроия гурӯҳҳои таблиғотӣ ва комиссияҳои  корӣ бо иштироки аъзоёни комиҷроия ва фаъолони ҳизб таъсис дода, баҳри хубтар ба омма расонида сиёсати  пешгирифтаи  Президенти кишвар, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро равона сохтанд.

Ҳамчунин, тибқи нақшаи чорабиниҳо бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ноҳия дар ҳамкорӣ бо ТҶҶ “Созандагони Ватан” оиди пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, ҳамзамон ташаккули ҳисси нафрат ба ин  падидаи номатлуби ҷомеа дар маркази ноҳия, ҷамоатҳои деҳоти Озодагон,  Нури Ваҳдат, ба номи Кабут Сайфутдинов, Меҳвар ва Намуна  корҳои таблиғотию ташвиқотӣ баргузор карда шуданд.  Ҳамзамон, ҷиҳати татбиқи ҷадвали баргузории вохуриву сeҳбатҳо барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ низ ин мавзeъ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар давоми соли ҷорӣ бо ҷалби аъзоёни ҷамъияти  таблиғотии “Фарҳанги сиёсӣ”, Ситодҳои таблиғотии доимамалкунандаи ҳизбӣ ва гурeҳҳои мобилӣ аз ҳисоби аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар 58 маҳаллаҳо ва деҳаҳои тобеи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо 4640 нафар мардуми заҳматкаш чорабиниҳои сиёсию тарғиботӣ гузаронида шуда, дар давоми вохeриву мулоқотҳо варақаҳои таблиғотӣ таҳти унвони “Муқовимати ту аҳамият дорад”, “Мо бо коррупсия мубориза мебарем” тақсим карда дода шуд.

Дар ин муддат бо роҳандозии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Аксияи ҳизбӣ – хайриявӣ таҳти унвони «Мактаб- даргоҳи маърифат», Аксияи тарғиботи-амалии таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва Аксияи ҳизбӣ «Фурeғи нури Раҳмонӣ» дар ташкилоту муассисаҳо ва маҳаллаҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳия баргузор карда шуданд.

Ҳамчунин, бо иштироки оммаи васеи сокинон мунтазам вохӯриву сӯҳбатҳо дар мавзӯи  “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ташкил карда гузаронида шуданд.  Зимни  вохӯриҳо дастурамалҳо ва плакатҳои таблиғотии “Об барои рушди устувор” истифода бурда шуданд.

Аз ҷумла, дар ташкилоти ибтидоии тобеи шаҳраки Панҷ силсилачорабиниҳо ба муносибати “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ташкил карда гузаронида шуд. Махсусан, дар ташкилоти ибтидоии “Арзанда”-и назди идораи оби шаҳраки Панҷ, хоҷагии оби ноҳия ва ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” бо аъзо ва фаъолони ҳизб чорабиниҳои таблиғотии таҳти унвони “Мо аз диёри обҳо”,”Даҳсолаи амал барои рушди устувор – даҳсолаи иқдомҳои наҷибона” гузаронида шуд.

Бахшида ба ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оиди расонидани кӯмак ба табақаҳои камбизоати ҷомеа, аз ҷумла ятимон, бепарасторон, кӯдакон аз  оилаҳои камбизоат ҷиҳати таъмини либос ва лавозимоти мактабӣ бахшида ба «Рӯзи дониш» санаи 28 августи соли 2018  Аксияи ҳизбӣ – хайриявӣ таҳти унвони «Мактаб- даргоҳи маърифат» роҳандозӣ гардид. Дар роҳандозии Аксияи ҳизбӣ ба 1 нафар кeдакон сару либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш супорида шуданд, ки боиси хушҳолии онҳо гардид.

Ба истиқболи ба кор оғоз кардани чархаи аввали НБО-и Роғун бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар маркази шаҳраки Панҷ Аксияи ҳизбӣ «Фурeғи нури Раҳмонӣ» доир карда шуд. Зимни  баромадҳо масъулин ҳамагонро бо ҷашнҳои бузурги давлатӣ Рeзи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, Рeзи Парчами давлатӣ ва ба кор даровардани чархаи якуми НБО-и Роғун табрик намуда, оиди аҳамияту моҳияти ин ҷаншҳои муҳими давлатӣ андешаронӣ намуданд. Ба ҳамаи иштирокдорон варақаҳои таблиғотӣ, плакати «Фуруғи нури Раҳмонӣ» тақдим карда шуд.

Оинаи имрӯзаи мо ҳизбиён ин ҳафтномаи «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ» мебошад, ки онҳо дар байни омма ва ҳизбиён маҳбубияти хешро соҳиб гаштаанд.

Ҳамаи мо медонем, ки солҳои охир сифат ва мазмуну мундариҷаи ин рӯзномаҳо хеле хуб гашта, хонандагони худро дарёфт кардаанд.

Ин нашрияҳои ҳизбӣ метавонанд пайваста ғояҳои ҳизб, мақсаду мароми ҳизбро  дар байни оммма паҳн намоянд. Ташкилотҳои ибтидоии ҳизби ноҳия  ҳамасола  дар давраи маъракаҳои обунашавӣ пеш аз ҳама ба ин рӯзномаҳо обуна шуда, аз иҷрои нақша ба хубӣ мебароянд.

Соли ҷорӣ ба 800 нусха рӯзномаи «Минбари халқ» обуна шуданд.  «Ҳамрози халқ» ба 700 нусха  расонида шуд.

Дар иҷрои муваффақонаи нақшаҳои обуна ба рӯзномаҳои ҳизбӣ кори хуби аксари ташкилотҳои ибтидоиро гуфтан бамаврид аст.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия баҳри ҷоннок гардидани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ нисбати иҷрои дастуру  супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои милла,  Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими минбаъдаи мавқеъ ва нуфузи ҳизб дар ҷомеа минбаъд низ корҳои судмандеро ба сомон хоҳад расонид.

К.Файзиев - раиси  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg